Соҳиб Давлатзодаи 34-сола ба "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" муттаҳам шудааст. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом ҷарима ё то ду соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Назари Давлатзода ба иттиҳоми эълоншуда дастрас нест. Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, Соҳиб Давлатзода ба ҳабс гирифта шудааст.
Рӯзи 13-уми октябр наворе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад, ки як корманди БДА дар канори роҳ афтидааст ва як тарафи рӯяш сиёҳ аст. Муаллифи навор гуфт, ӯро латукӯб кардаанд. Аммо чанд рӯз баъд мақомот як ронандаеро боздошт карда гуфтанд, ӯ ба талаби нозири роҳ итоат накарда, мошинро болои ӯ рондааст.
Маълум нест, ки Соҳиб Давлатзода дар бораи қазия чӣ назар дорад. Ин сокини ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ дар навори пахшкардаи мақомот ва дар ҳузури кормандони пулис гуфт, “ҳуҷҷатро деҳ гуфт, надодам, дарро қапид, мошинро рондам намедонам чӣ қадар рафтам, афтид, тарсида гурехтам.”
Дар навори пахшкардаи мақомот дида мешавад, ки ронанда ва нозири роҳ чанд лаҳза миёни ҳам баҳс доранд, вале рӯшан нест, ки даъвои онҳо бар сари чӣ буд.
Навори ин ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва баҳсҳои зиёдро дар бораи рафтори нозирони роҳ ва ронандагон ба миён овард.