Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, "Ҳамос" бояд нобуд шавад, аммо ишғоли Ғазза "иштибоҳ" аст


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо телевизиони CBS гуфтааст, гуруҳи "Ҳамос" бояд нобуд карда шавад. Дар айни замон Ҷо Байден ишғоли комили Навори Ғазза аз сӯи Исроилро "иштибоҳи калон" хонд, аммо гуфт, нобудсозии "Ҳамос" ва "Ҳизбуллоҳ" "талаботи зарурӣ" аст.

"Бояд як давлати фаластинӣ вуҷуд дошта бошад. Бояд роҳе барои ташкили кишвари Фаластин вуҷуд дошта бошад,"-гуфт президенти ИМА.

Байден дар ин мусоҳиба, ки 15-уми октябр пахш шуд, ба Эрон ва гуруҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ҳушдор дод, ки аз дахолат дар ин низоъ худдорӣ кунанд. Раиси ҷумҳури Амрико инро ҳам гуфт, ки то ин дам ҳеч далеле дар даст нест, ки собит кунад, Теҳрон пушти ҳамлаи ахири "Ҳамос" ба Исроил меистад.

Ба навиштаи бархе расонаҳои исроилӣ, ахиран Эрон ҳушдор додааст, ки агар мушакборони Навори Ғазза қатъ нашавад, омодаи дахолат дар ҷанги Исроил ва “Ҳамос” аст. Нашрияи The Jerusalem Post гузориш дод, ки ҳушдори Эрон бо миёнаравии Созмони Милал ба Исроил расонда шудааст.

Даргирӣ миёни гуруҳи “Ҳамос” ва Исроил даҳ рӯз аст, ки давом дорад ва боиси кушта шудани садҳо нафар аз ҳарду тараф шуд.

XS
SM
MD
LG