Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакхоҳии Кабирӣ аз садри аъзами Олмон


Олаф Шолтс
Олаф Шолтс

Раиси Паймони Миллӣ, эътилофи чор созмони мухолифи ҳукумат, аз садри аъзами Олмон хостааст, ки барои раҳоии наздикони эътирозгарони Берлин дар Тоҷикистон мадад кунад.

Салим Султонзода, масъули дафтари матбуоти Паймони Миллӣ, мегӯяд, нома рӯзи 9-уми октябр фиристода шуд. Дар он аз Олаф Шолтс хоста шудааст, ки "аз нуфузи худ ва имконоти дипломатии Олмон" истифода кунад.

"Ҳангоми сафари Раҳмон ба Берлин, мухолифон ва пайвандони зиндониҳои сиёсӣ тазоҳуроти эътирозӣ ташкил намуданд. Пас аз бозгашт, мақомоти Тоҷикистон пайвандони иштирокчиёни эътирозҳои Берлинро мавриди шиканҷа қарор доданд ва қисме аз онҳо ҳанӯз ҳам дар боздоштанд," – навиштааст Кабирӣ.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 6-уми октябр дар гузорише гуфт, то кунун ҳудуди 50 нафар аз наздикони эътирозгарони Берлин дар Тоҷикистон дастгир ва бархе баъд аз бозпурсӣ раҳо карда шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба хабарҳо дар бораи боздошти пайвандони мухолифон ҳанӯз вокуниш накардаанд, аммо тайи рӯзҳои охир навори волидон ва хоҳару бародари баъзе аз онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар навор аз мухолифон хоста шудааст, ки аз танқиди ҳукумат даст бардоранд.

Эътирози мухолифони ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 28-29-уми сентябри имсол дар Берлин гузашт. Дар рӯзҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сафари серӯза ва барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва президенту садри аъзами Олмон дар ин кишвари аврупоӣ қарор дошт.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

"Мо ба сиёсати Олмон, ки дар робитаҳои худ бо низомҳои авторитарӣ муколамаро авлавият медиҳад, эҳтиром қоилем. Аммо ин чиз моро нигарон месозад, ки ин ҳамкориҳо боис ба истифодаи таблиғотӣ аз тарафи режимҳои худкома ва саркӯби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифин мешавад," -- гуфтааст Кабирӣ.

Ҳамзамон раиси Паймони Миллии Тоҷикистон аз Олаф Шолтс хостааст, барои озодӣ ва бозгардондани Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, узви ҲНИТ, аз Душанбе ба Берлин мадад кунад. Ӯро моҳи январи имсол мақомоти Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Ба иттилои дарёфтӣ, ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.

Маълум нест, ки оё дафтари садри аъзами Олмон номаро дастрас кардааст ё не. Дар гузашта чандин созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ Олмонро барои ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин танқид карда, хоҳони бозгардонданаш аз Тоҷикистон шуданд, вале посухе нагирифтанд.

XS
SM
MD
LG