Сари Хосор дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо шаршараи номдор ва дарахтони куҳансолаш машҳур аст. Ин минтақаи дурдасту кӯҳистонӣ дар 165-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ҷойгир буда, аз маркази ноҳия чиҳил километр фосила дорад.
Сокинон мегӯянд, сайёҳони зиёди хориҷӣ ба тамошои Сари Хосор меоянд, аммо хидматрасонӣ ва зерсохторҳо барои ҷаҳонгардӣ дар сатҳи хуб нест.
Даромади асосии хонаводаҳо боғдорӣ, кишоварзӣ ва чорводорӣ аст. Аз тақрибан ҳашт ҳазор аҳолии ҷамоати Сари Хосор 294 ҷавон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Зиндагӣ дар ин ҷо бо ҳамон шеваи шаст-ҳафтод сол пеш мондааст. Мардум тобистону тирамоҳ серкор ҳастанд, то зимистон роҳат дошта бошанд.
Чархаи осиёб чархаи зиндагии мардумро мечархонад. Осиёби обӣ дар деҳаи Моҷаи Сари Хосор 80 соли охир хидмати чанд деҳаро мекунад. Адолат Холова корро дар осиёб аз падаршавҳараш омӯхта, зиндагии хонаводаро бо осиёби меросӣ пеш мебарад.
Баҳор об зиёд мешавад, ин осиёб дар як рӯз то шаш халта гандумро орд мекунад, вақте об ба заминҳои кишт меравад, кори осиёб кам мешавад. Дар ин минтақа ҳудуди 50 осиёби обӣ кор мекунад.
Деҳаи Шомша ҳафт хоҷагӣ дорад, аз инҷо 9 ҷавонаш ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Бобоҷон Обидови 54-сола, ки чандин гектар замин дорад, мегӯяд, танҳо бо кишоварзӣ зиндагӣ пеш намеравад. Фарзанди ӯ низ дар муҳоҷират аст.
Мардуми деҳот зиндагии хубро ба боду ҳаво вобаста медонанд, агар соли хуб ояд зиндагӣ хуб мешавад. Имсол барои Бобоҷон Обидов соли хубе набуд, ҳосил кам аст. Соҳибназар Муродов, сокини деҳаи Мулоконӣ мегӯяд, ки имсол рӯ ба занбур ва асал овардааст, чун ӯ низ мисли дигар кишоварзон ҳосили хубе нагирифт.
Роҳ аз маркази ноҳияи Балҷувон то Сари Хосор душворгузар аст, замистону баҳор, ки барфу борон зиёд мешавад, ҳаракат душвор мегардад.
Ҳоло дар Сари Хосор беморхона, таваллудхона ва беморхонае барои кӯдакони фалаҷи минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунад. Деҳоте, ки онҷо аҳолиашон камтар аст, мактабҳо кор намекунанд, хонандагон ба интернати наздимактабӣ рафта, то кушодашавии роҳҳо онҷо мемонанд. Дар маркази ҷамоат мардум ба дорухонаҳо ва китобхона дастрасӣ доранд, вале сокинони деҳоти дурдаст наметавонанд ҳар рӯз ба маркази ҷамоат биёянду харид кунад ё китоб бихонанд.
Достони видеоиро дар ду қисм тамошо кунед:
Гуфтугӯ