Сокинони деҳоти дурдасти ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ хонаҳояшонро чароғон кардаанд.
Дар ин деҳот аз замони шӯравӣ то кунун хатти барқ вуҷуд надошт.
Аз 29 деҳаи ин ҷамоат нисфаш ба хатти барқ пайваст нест. Сокинон аз ҳисоби худ неругоҳҳои хурди обӣ сохтаанд ва мегӯянд, кори ин неругоҳҳо мавсимӣ аст, чун бо кам шудани об, онҳо аз кор мемонанд ва сокинон аз бебарқӣ ранҷ мебаранд.
"Ба деҳаи мо на аз Норак ва на аз Роғун барқ намерасад. Худамон кушиш карда роҳамонро ёфтаем,"--гуфт, як сокини Сари Хосор.
То ду соли пеш масъулони шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб мегуфтанд, ки дар минтақа 102 деҳа бебарқанд. Ҳоло масъулини ин ниҳод мегӯянд, ки ин шумора ба 72 адад коҳиш ёфтааст.
Сари Хосор дар 200 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон ҷойгир аст. Замони шӯравӣ бештари сокинони ин деҳотро ба дигар ноҳияҳо муҳоҷир карда буданд. Бо пошхӯрии шӯравӣ мардум ба ватани аҷдодии худ баргаштанд.
Давлати Тоҷикистон ба хотири рушди ҷаҳонгардӣ дар чанд соли пеш ин минтақаи кӯҳистониро мавзеъи сайёҳӣ эълон карда буд.
Гуфтугӯ