Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишки тоҷикро барои "хатои марговар" 6 сол зиндонӣ карданд. ВИДЕО


Наздикони Севинч Шукурова дар назди додгоҳ
Наздикони Севинч Шукурова дар назди додгоҳ

Як пизишки тоҷикро ба 6 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карданд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 19-уми сентябр Расул Ҳоҷиевро ба он гунаҳкор кард, ки хатояш боис ба марги Севинч Шукурова шудааст. Ҳоҷиев аз ҳукми додгоҳ норозигӣ кардааст.

Пизишки Беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Душанбе ба "номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ" (моддаи 129-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор шуд. Ба асоси ҳукми содиршуда, Расул Ҳоҷиев баъди адои ҷазо, се соли дигар ҳақ надорад ба кори пизишкӣ машғул шавад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Табиби тоҷикро барои “хатои марговар” зиндонӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00

Шоира Зуҳурова модари духтари фавтида баъд аз эълони ҳукм ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қарори додгоҳ розӣ аст.

"Шояд дигарон маро нодуруст фаҳманд. Дуруст аст, ки духтари ман дигар зинда намешавад. Вале ин ҳодиса метавонад як тағйироти мусбӣ дар ин бахш биёрад ва дигар чунин ҳолатҳо рух надиҳад,"-афзуд Шоира Зуҳурова.

Шоира Зуҳурова
Шоира Зуҳурова

Наздикони Расул Ҳоҷиев, пизишки маҳкумшуда баъди мурофиа нахостанд бо хабарнигорон суҳбат кунанд. Феълан маълум нест, ки онҳо аз болои ҳукм шикоят мекунанд ё не. Яке аз наздикони пизишк, ки дар мурофиа ширкат дошт, дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, Расул Ҳоҷиев баъд аз эълони ҳукм норозигӣ кардааст.

"Расул Ҳоҷиев дар сухани охирин дар додгоҳ аз модари духтари фавтида узрхоҳӣ карда гуфт, ҳеҷ гоҳ намехост чунин ҳодиса рух диҳад. Табиб ҳамчунин гуфт, падари чор фарзанди ноболиғ будани ӯро ҳам ба назар гиранд,"-гуфт яке аз пайвандони пизишк.

Расул Ҳоҷиев, табиби бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-и пойтахт моҳи майи имсол ба дунболи марги Севинч Шукурова боздошт шуд. Шоира Зуҳурова, модари духтар даъво дошт, ки иштибоҳи пизишкон боис ба марги духтари 17-солааш гардид. Сабаби марги ноболиғ пайдо шудани садамаи анафилактикӣ аз маҳлули дорувории "Лидаза" гуфта мешуд.

Ҳарчанд Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон 9-уми август дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, "дар адабиётҳои ҷаҳонӣ ягон ҳолати садамаи анафилактикӣ аз маводи дорувории "Лидаза" нест. Мо инро вонахӯрдем, дар баъзе ҳолатҳо ҳассосият (аллергия) медиҳад. Бо такя ба адабиётҳои ҷаҳонӣ, ман фикр мекунам шояд бемор мушкили дигар ҳам дошт".

Пизишк баъди марги Севинч Шукурова боздошт шуд
Пизишк баъди марги Севинч Шукурова боздошт шуд

Шоира Зуҳурова, модари Севинч Шукурова 19-уми сентябр хабарҳо дар бораи ин ки гӯё духтараш аз маҳлул барои калон кардани лаб фавтида бошад, нодуруст аст.

Зуҳурова гуфт, "духтари ман ноболиғ буд ва ташхис муайян кард, ки сабаби марги ӯ иштибоҳи табиб буд. Мутаасифона беаҳамиятӣ ва бесмаъулиятии баъзе табибон, ҳарчанд онҳо таҷрибадор ҳам бошанд, боиси ин гуна ҳолатҳо мешавад. Таҷриба не, масъулият муҳимтар аст. Ин зиндагии одам аст, мо ба табибон бовар дорем ва барои ҳамин назди онҳо меравем."

Тибқи омори расмӣ, дар ним сол дар 63 ҳолат алайҳи 41 пизишк парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин дар шаш моҳи аввали имсол 117 ҳолати қонуншикании маъмурии пизишкон ошкор шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 42 ҳолат камтар будааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG