Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ду пизишки ин минтақаро дар марги Саодат Саломова – духтари Сайрам Исоева – ҳунарпешаи маъруфи тоҷик айбдор донист ва ба 3-солии ҳабс маҳкум кард. Ин ҳукми додгоҳ рӯзи 25-уми январ содир гардид.
Мавзӯи сатҳи пасти тахассусии пизишкон ва муолиҷаҳои иштибоҳӣ дар Тоҷикистон зиёд мавриди интиқод қарор мегирад.
Ҳотам Отабоев, пизишки Маркази мубориза бо бемории сил дар Суғд ва Меҳрӣ Юсуфова, дастёри озмоишгоҳи ин марказ “барои номатлуб иҷро кардани вазифаи касбиашон” айбдор шуданд. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки ин афрод 3-солӣ дар зиндони дорои низоми сукунат адои ҷазо карда, баъди он як соли дигар аз ҳаққи ишғоли мансаб маҳрум хоҳанд буд.
Дар баробари Ҳотам Отабоев ва Меҳрӣ Юсуфова чанде дигар аз пизишкон дар додгоҳ посух гуфтанд. Яке аз онҳо Саодат Аминҷонова, муовини сарпизишки бемористони Хуҷанд буд, ки рӯзи 19-уми январ гуфт, воқеан аз ҳоли Саодат Саломова, духтари ҳунарпешаи маъруф Сайрам Исоева, дар хонаашон хабар мегирифт, вале барои табобати пурраи ӯ масъулият надошт.
Саодат Аминҷонова гуфт, “ман пизишки муоилиҷавӣ (амбулаторӣ) нестам. Чанд дафъа хостем, ки ӯро ба бемористон биорем. Аммо муаллима розӣ нашуданд. Муолиҷаи беморони бистарӣ шомили вазифаи ман намешавад.”
Ин изҳороти табиб хонаводаи Саломовҳоро ҳайратзада кард. Онҳо гуфтанд, ки табибон аз аввал зарурати интиқоли духтарашон ба беморхонаро таъкид накарда буданд.
Саодат Саломова, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва духтари ҳунарманди шинохта Сайрам Исоева моҳи апрели соли 2017, баъд аз тақрибан ду моҳи табобат дар хонааш ва бемористон, дар 50-солагӣ аз хунравии мағзи сар даргузашт. Пайвандони Саодат Саломова мегӯянд, табибон барои дақиқ кардани бемории духтарашон аз аввал ба иштибоҳ роҳ додаанд.
Ба қавли онҳо, дар аввал Саодат Саломоваро гирифтори бемориҳои “сили иртишоҳи шуш, МБС+, туберкулёмаи мағзи сар” эълон карда ва аз рӯи ҳамин беморӣ табобат намудаанд. Баъдтар ташхиси биологӣ ошкор кардааст, балғаме, ки ташхис шуда буд, аслан ба Саломова на, ба каси дигар тааллуқ дошт.
Мавзӯи сатҳи пасти тахассусии пизишкон ва муолиҷаҳои иштибоҳӣ дар Тоҷикистон зиёд мавриди интиқод қарор мегирад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар танҳо дар нимсолаи аввали соли гузашта 31 мавриди иштибоҳи табибонро ошкор карда, нисбат ба чунин табибон ҷазои маъмурӣ ё ҷарима содир таъйин карда буд.