Дар ним соли ахир дар Тоҷикистон даҳҳо табиб барои иштибоҳоти пизишкӣ ва дигар қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, мақомоти интизомӣ "алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд". Худи табибон вуҷуди иштибоҳҳоро рад намекунанд, аммо мегӯянд вазъ ба он шакле нест, ки баъзе аз сокинон шикоят доранд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9-уми август дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар ним сол "дар 63 ҳолат алайҳи 41 пизишк парвандаи ҷиноӣ боз шудааст." Абдуллозода гуфт, ин ҳолат назар ба соли гузашта камтар аст. Ҳамчунин дар шаш моҳи аввали имсол 117 ҳолати қонуншикании маъмурии пизишкон ошкор шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 42 ҳолат камтар мебошад.
Вазир дар бораи иштибоҳҳои пизишкӣ, ки табибон анҷом додаанд чизе нагуфт, вале афзуд, "ман фикр мекунам, ки зина ба зина ин мушкилиҳо дар соҳаи тандурустӣ ҳалли худро пайдо мекунад. Агар мо ба шикоятҳои сокинон назар кунем, дар соли ҷорӣ 44 ҳолат аст, дар соли гузашта 75 ҳолат буд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шикоятҳо камтар шудааст".
Изҳороти вазир дар ҳолест, ки дар гузашта баъзе аз сокинон аз иштибоҳҳои пизишкон шикоят кардаанд, ки баъзан боис ба марги наздикон ё як умр маъюб гаштани онҳо шудааст.
Аз ҷумла, Шоира Зуҳурова, як сокини Душанбе моҳи майи имсол шикоят кард, ки иштибоҳи пизишк сабаби марги духтараш Севин Шукуроваи 17-сола шудааст. Ҳодиса 8-уми апрели имсол рӯй дода, пас аз шикояти ин зан як пизишки бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-ро дастгир кардаанд. Сабаби марги ноболиғ пайдо шудани садамаи анафилактикӣ аз маҳлули дорувории "Лидаза" гуфта мешуд.
Вазири тандурустии Тоҷикистон 9-уми август боздошти Расул Ҳоҷиев, духтури беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ"-ро тасдиқ кард, аммо гуфт, "маводи доруворие, ки духтур таъин кардааст, он маводи дорувории таъҷилӣ не, балки нақшавӣ аст. Вай метавонист ҳамин доруро дар дигар маркази саломатӣ рафта ба таври нақшавӣ гирад. Дар адабиётҳои ҷаҳонӣ ягон ҳолати садамаи анафилактикӣ аз маводи дорувории "Лидаза" нест. Мо инро вонахӯрдем, дар баъзе ҳолатҳо ҳассосият (аллергия) медиҳад. Бо такя ба адабиётҳои ҷаҳонӣ, ман фикр мекунам шояд бемор мушкили дигар ҳам дошт".
Таҳқиқи парванда идома дорад, вале мавқеи пизишк ва вакили мудофеаш ҳанӯз маълум нест. Яке аз наздиконаш бидуни зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, "Расул Ҳоҷиев феълан дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад ва таҳқиқи парванда ҳанӯз анҷом нашудааст. Бовар дорем тафтишот одилона ба анҷом мерасад".
Дар аввали моҳи июн имсол низ наздикони Шавкат Халилов, коргардони тоҷик табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонистанд. Аммо пизишкон гуфтанд, ӯ гирифтори бемориҳое буд, ки пас аз ҷарроҳӣ дигар имкони наҷоташ вуҷуд надошт.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон на ҳамеша ба ташхиси воқебинонаи тиббӣ-додгоҳӣ баъди марг розӣ мешаванд. Дар ин ҳолат сабаби аслии марги одамон норӯшан монда, зоҳиран ҳарду ҷониб ба мавқеи худ пойфишорӣ мекунанд.
Боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани табибон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки солҳои ахир муҳоҷирати пизишкони қобилиятноку соҳибтахассуси тоҷик ба хориҷ, аз ҷумла ба Русия зиёд аст. Дар чанд соли ахир ҳазорон корманди соҳаи тиб аз кишвар рафтаанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 9-уми август гуфт, "дар ҳоли ҳозир дар кишвар бештар аз ду ҳазор табиб ва 558 ҳамшираи тиб намерасанд".
Ба гуфтаи Абдуллозода, дар шаш моҳи ахир 70 табиб ва бештар аз 300 ҳамшираи тиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Як сабаби аслии муҳоҷирати духтурон аз Тоҷикистон маоши паст гуфта мешавад, ки Вазорати тандурустӣ солҳост наметавонад пеши роҳи онро гирад.
Гуфтугӯ