Як пизишки "Ёрии таъҷилӣ"-ро дар Душанбе дар пайванд ба марги духтари 17-сола, Севинч Шукурова, дастгир кардаанд.
Табиб ба “номатлуб иҷро кардани вазифа” гумонзад аст. Ба ӯ аз панҷ то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.
Ҳодиса 8-уми апрели имсол рӯй дода, боздошти духтур 16-уми май ва пас аз шикояти Шоира Зуҳурова, модари Севинч Шукурова, сурат гирифт.
Шоира Зуҳурова дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки хатои пизишк сабаби марги духтараш шуда, аммо дар идораҳои давлатӣ ба додаш намерасанд.
Додситонии шаҳри Душанбе мегӯяд, аз лаҳзаи аввал қазияро зери назар доштанд, вале хулосаи санҷиш танҳо 16-уми май дастрас шуд.
Ба иттилои манбаъ, “тибқи он, сабаби марги ноболиғ Севинч Шукурова пайдо шудани садамаи анафилактикӣ аз маҳлули дорувории “Лидаза” аст.”
Таҳқиқи парванда идома дорад, вале мавқеи пизишк ё наздикону вакили мудофеаш ҳанӯз маълум нест.
Дар гузашта баъзе аз сокинон аз хатои пизишкон шикоят кардаанд, ки боис ба марги наздикон ё як умр маъюб гаштани онҳо шудааст.
Аз ҷумла, наздикони Фарида Шарифова аз ноҳияи Файзобод гуфта буданд, ки вай ҳангоми таваллуди тифли чаҳорумаш дар зоишгоҳ бо хатои пизишкон ҷон бохт.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар соли 2018 беш аз 40 пизишкро барои хатоҳояшон ба ҷавобгарӣ кашида буд. Табибон вуҷуди иштибоҳҳоро рад намекунанд, аммо мегӯянд, вазъ ба он шакле нест, ки баъзе аз сокинон шикоят доранд.