Мақомоти тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон нависанда ва муҳаққиқ, масъули шӯъбаи кадрҳои Бемористони байнулмилии "Ибни Сино" Абдуқодири Рустамро шоми 31-уми август ҳангоми баромаданаш аз коргоҳ дастгир кардаанд, вале на ӯ ва на мақомот ба хонаводааш аз боздошт хабар надодаанд.
Як масъули дафтари матбуоти Додситонии кул дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накард, вале ду корманди бемористони "Ибни Сино" гуфтанд, лаҳзаи боздоштро дидаанд.
Эҳтимол меравад, ин боздошт ба парвандаи Абдухалил Холиқзода, бунёдгузор ва молики беморхонаи "Ибни Сино" рабт дорад, ки бино бар посухи хаттии Додгоҳи олии Тоҷикистон, бар пояи банди 189-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба он гумонбар мешавад, ки гӯё "бо гуруҳе аз афрод бо маслиҳати пешакӣ ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва маҳалгароӣ" даст задааст. Худи Холиқзода ин иттиҳомро рад мекунад.
Ин айбнома бобати китоби ёддоштҳои соҳибкори тоҷик бо номи "Ҳаводиси рӯзгори ман" моҳи марти имсол пайванд дорад, ки моҳи марти имсол ба нашр расид.
Абдуқодири Рустам муҳаррири китоб аст ва дар рӯнамоии он канори Холиқзода нишаста буд.
“Додситонии кул то боздошт Абдуқодирро ду маротиба даъват карда буд ва баъди пурсиши сесоата ҷавоб дод. Ӯро дар бораи китоби Холиқзода пурсидаанд, ки чаро нуктаҳои алоҳидаи китоб дуруст таҳрир нашудаанд”, -гуфт як ҳамсуҳбати мо.
Муаллифи "Ҳаводиси рӯзгори ман" Абдухалил Холиқзода 7 августи соли равон боздошт шуда буд. Мақомот дар ин бора танҳо 15 август дар нишасти хабарӣ маълумот доданд.
Абдуқодири Рустам нависандаи шинохта 65 сол дошта, муаллифи ду роман ва маҷмуаҳои достонҳои кутоҳ аст. Вай ҳамчунин нусхаи интиқодии девони Абуабдуллоҳи Рӯдакиро таҳия ва нашр намуд, ки дар Эрон баҳои баланд гирифт.
Абдуқодири Рустам то замони боздошташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд. Охирин навиштаи ӯ рӯзи 31 июл нашр шудааст.
Гуфтугӯ