Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литсейи Оқохон дар Хоруғ. Ном дигар шуд, мактаб мемонад?


Ба ҷойи Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, "Литсей барои хонандагони болаёқат" ба кор оғоз кардааст. Дар гузашта ин муассиса тобеи Шабакаи Оқохон буд, ҳоло давлатӣ шуда.

Ба ҷойи Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, "Литсей барои хонандагони болаёқат" ба кор оғоз кардааст. Дар гузашта ин муассиса тобеи Шабакаи Оқохон буд, ҳоло давлатӣ шуда.

Мақомоти шаҳри Хоруғ хабар додаанд, ки раҳбарияти нави муассиса таъин шудааст ва маблағи таълими хонандагону маоши омӯзгорон “бо тартиби қаблӣ нигоҳ дошта мешавад”.

Баъд аз 25 соли фаъолияти Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ дар охири моҳи июн хабар расид, ки муассиса давлатӣ мешавад. Кормандони Литсейи Оқохон он замон шикоят карда буданд, ки ҳамаи омӯзгорон аз вазифа барканор шудаанд.

Вазорати маориф ва илм дар моҳи август гуфт, як сабаби давлатӣ кардани литсей ин буд, ки "берун аз нақшаи таълимӣ фаъолият мекард ва муҳассилони он забони тоҷикиро намедонистанд." Намояндагони созмони Оқохон дар Хоруғ ин иддаоро беасос хонданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG