Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик аз эҳтимоли боз шудани марз бо Қирғизистон гуфтанд.ВИДЕО


Мақомдорони Ҳукумати вилояти Суғд аз тасмимҳо барои боз шудани марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мегӯяд, бо ҳамтои қирғизаш ба мувофиқа расидааст, ки дарҳои беш аз ду сол бастаи сарҳадро аввал ба рӯи тоҷирону сокинони наздимарзӣ боз намоянд.

Аз ин пештар раҳбарони мақомоти интизомии шимоли кишвар аз эҳтимоли боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ гуфта буданд.

Ду мақомдори баландпояи Ҳукумати вилояти Суғд дар нишасти хабарии ин ниҳод аз мувофиқаҳои бадастомада бо ҳамтоёни қирғизашон паём доданд.

Тоҷикистону Қирғизистон бозорҳои наздимарзиро боз мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт, дар мулоқоти охирини онҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон перомуни боз шудани сарҳадҳои давлатӣ ва дубора барқарор шудани гардиши мол миёни кишварҳо таъкид шудааст.

"Бояд ҳамаро аз коғази сафед шурӯъ кунем"

Моҳи гузашта гурӯҳе аз мақомдорони Суғду Фарғона ба шаҳри Чӯлпон-ота сафар карда буданд.

Даврон Зоҳидзода, муовини раиси вилояти Суғд: “Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Қирғизистон дар Ботканд дар суҳбатҳо иброз кард, ки зина ба зина бояд марзҳоро боз кунем. Қадамҳои аввал бояд аз бозорҳои наздисарҳадие, ки дар қаламрави Исфара ва Ботканд аст, оғоз шавад. Ҳамаи он чизе, ки шуд паси сар гардид ва ба хотир оварданамон лозим нест. Бояд ҳама ҳолату аммал аз ҳамин қоғази сафед шурӯъ шавад ва барои некӯаҳволии мардуми минтақа равона гардад”.

Ҳарчанд ин нуктаҳо аз мақомоти Қирғизистон садо надодааст, вале ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ба ин масъала бештар ҷониби ҳамсоя изҳори омодагӣ кардаанд.

Шарҳи ҷанҷоли охири марзӣ дар Хоҷаи Аъло ва Ворух

Қаблан, дар нишасти хабарии аввали ҳамин сол мақомотҳои интизомии вилояти Суғд аз эҳтимоли боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ хабар дода буданд. Кишоварзону тоҷирон ва сокинони минтақаҳои марзии Тоҷикистон борҳо талаб карлаанд, ки марзро барои додугирифт боз намоянд.

Ин паёмҳо дар ҳолест, ки пас аз тақрибан як соли муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, рӯзи 24-уми июл сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара боз шоҳиди ҷанҷол ва монеи равуои мошинҳо гардиданд. Мақомдорони Суғд гуфтанд, ки ин масъаларо зуд дар ҷояш ҳаллу фасл карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд: “Бо ҳамсоя имрӯз мо бояд ҳамсоягарӣ кунем. Чунки дар худи Воруху Чоркуҳу Сурх беш аз 110 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Мақсаду мароми ҳамтои ман ҳам ҳамин аст. Бо Абдукарим Алимбоев гуфтем, ки бояд сулҳу амният ва тинҷиро дар сарҳад нигоҳ дорем. Баъзе ҳолатҳое, ки байни сокинон барои масъалаи хоҷагӣ ё дар ҳолати мастӣ рух медиҳад, аз тарафи раёсатҳои вазорати корҳои дохилӣ навбатдор мондаем ва бо мардум ҳамчун милитсияи мардумӣ кор карда истодаанд”.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз охири моҳи апрели соли 2021 баста аст. Ду кишвар тақрибан ҳазор километр марз доранд ва ба гуфтаи тарафҳо, то ҳол зиёда аз 650 километр ё ҳафтод дарсади он муайян шудааст.

Бахши дигари сарҳад ҳанӯз маълум нест. Номуайянӣ ва даъвоҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар сари замину обу чарогоҳ ҳар чанд вақт дар рустоҳои наздимарзӣ боис ба даргирӣ мешавад. Бар асари муноқишаҳо то кунун аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмиву бехонаву дар шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG