Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои ҷанҷол дар Ворух аз "гиребон"-и сухангӯи Ҷабборов гирифтаанд


Доирбек Орунбеков, сухангӯи раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Доирбек Орунбеков, сухангӯи раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Гуруҳи сокинони деҳаи Оқсой дар вилояти Ботканди ҳаммарз бо Тоҷикистон аз раиси ҷумҳури Қирғизистон хостаанд, ки ба сабаби як моҷаро дар марз бо тоҷикон сухангӯяш Доирбек Орунбековро аз мақомаш барканор кунад.

Дар номае, ки 20 нафар аз сокинони деҳаи ҳаммарз бо ноҳияи Исфара дар Фейсбук нашр кардаанд, омадааст, ки Доирбек Урунбеков дар бораи як сокини деҳа, ки бо сокинони ҷамоати Ворухи Исфара дар роҳ ҷанҷолу даъво кард, маълумоти нодуруст паҳн карда гуфтааст, ки вақти моҷаро ӯ маст буд.

Ба қавли муаллифони нома, сухангӯи раиси ҷумҳур бо ин кораш ба сокинони Тоҷикистон баҳона додааст, ки бигӯянд, “моҷаро дар марзро ҳамеша қирғизҳо оғоз мекунанд." Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон гуфтааст, ки сокинони деҳа ба онҳо мустақим муроҷиат накардаанд.

Рӯзи 24-уми июл байни як сокини Оқсой ва гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷашни арӯсӣ мерафтанд, ҷанҷолу муноқиша бархост, ки дар натиҷа 4 шаҳрванди Тоҷикистон захмҳои сабук бардоштанд. Сухангӯи раиси ҷумҳури Қирғизистон дар бораи ин моҷаро дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки ҳангоми ҷангу даъво ва сангзанӣ шаҳрванди Қирғизистон маст будааст. Ӯ чанд муддат баъд навиштаашро дар Фейсбукро пок кард.

Ҷанҷолу даъво баъди муддати кутоҳе рафъ шуд. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки тақрибан 300 километраш то ҳол таъйину аломатгузорӣ нашудааст, солҳост ба макони низоъ миёни сокинон ва низомиён табдил шудааст.

Ду тараф ба сари обу замин ва чарогоҳ борҳо бо ҳам муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд. Дар ду муноқишаи хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рух дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG