Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷониби Тоҷикистон муноқиша дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод


Ҷониби Тоҷикистон муноқишаи рӯзи гузашта дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод. Рӯзи 24-уми июл бар асари муноқишаи сокинон дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон, роҳи Исфара ба ҷамоати деҳоти Ворух барои чанд соат баста монд.

Дар изҳороти Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон омадааст, ки баъд аз зуҳри 24-уми июл қатори мошинҳои сокинони Ворух барои гузаронидани туй ба тарафи Исфара дар ҳаракат буд ва дар даромадгоҳи деҳаи Оқсойи Бодканд як сокини маҳаллӣ ба ҳаракати ин корвон монеа эҷод кард.

Тибқи иттилои Раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ин сокини деҳоти Оқсойи Бодканд, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, бо баҳонаи он, ки гӯё яке аз мошинҳои тӯёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кард, роҳи мошинҳоро баст.

Ин сокини ҷамоати Оқсой, ки дар ин изҳорот аз ӯ ном бурда нашудааст, сипас ба тарафи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сангандозӣ кардааст. Тибқи иттилои расмии ҷониби Тоҷикистон, дар натиҷа қисмҳои гуногуни 3 мошин шикаста, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.

Шаби гузашта сокинони ин минтақаи наздимарзии Тоҷикистон шикоят карданд, ки рӯзи 24 июл низомиёни қирғиз ва сокинони деҳаи Оқсой ягона роҳ ба самти Ворухро бастанд.

Ҳадди ақал се ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар шаҳри Исфара гуфтанд, аз нимарӯзи 24 июл то соати 9-и шаб роҳ аз Ворух ба самти шаҳри Исфара, ки аз миёни деҳаи Оқсой мегузарад, баста буд. Як ҳамсуҳбати мо гуфт, низомиёни қирғиз дар роҳ истодаанд ва сокинон ба самти мошинҳои Тоҷикистон санг партофтанд.

Расонаҳои Қирғизистон бо такя ба мақомоти маҳаллии он кишвар хабар доданд, ки пас аз мулоқоти ҷонибҳо мушкил бартараф шуд ва посгоҳҳо бардошта шуданд. "Вазъият дар марзи ду кишвар дар ҳоли ҳозир ором аст. Комисияи муштарак сабабҳои муноқиша байни шаҳрвандони ду кишварро таҳқиқ мекунад",-омадааст дар изҳороти Идораи марзбонии Қирғизистон.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки наздики 300 километраш то ҳол муайян нашудааст, солҳост ба макони низоъ миёни сокинон ва низомиён табдил шудааст. Ду тараф ба сари обу замин ва чарогоҳ борҳо бо ҳам муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд. Дар ду муноқишаи хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рух дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG