Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба сангандозӣ кашидааст


Дар як муноқиша дар моҳи сентябр аз ҳарду тараф беш аз 100 нафар кушта шуданд.
Дар як муноқиша дар моҳи сентябр аз ҳарду тараф беш аз 100 нафар кушта шуданд.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 3-уми декабр байни сокинони деҳоти марзӣ муноқиша бархоста ба сангандозӣ кашидааст.

Абдукарим Олимбоев, намояндаи президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки муноқишаи лафзӣ соати 12 ба вақти маҳаллӣ рух додааст ва аз ҳарду тараф “мардум осеб дидааанд”. Маълум нест чанд нафар ва чӣ гуна осеб дидаанд.

Чанде аз сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳ зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ сар задани муноқишаро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ҳоло авзоъ ором аст ва мақомоти ду тараф ҳодисаро баррасӣ доранд.

Абдукарим Олимбоев гуфтааст, ки дар бораи ин масъала бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд суҳбат кардааст. Ба қавли ӯ: “Раҳбарони ниҳодҳои дахлдор барои нигаҳ доштани оромӣ суҳбат доранд. Вазъ ором аст. Мардум бо ҳам ҷанҷол ва дар ниҳоят сангандозӣ кардаанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳануз дар бораи муноқиша дар марз чизе нагуфтаанд.

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 664 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бақия ва бештар аз 300 километри дигар ҳануз бе аломату баҳсбарангез аст, аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст.

Фақат дар рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар натиҷаи низоъ дар сарҳади ду кишвар дар вилояти Суғд ва Ботканд бештар аз 100 нафар кушта шуданд. Ҳарду кишвар якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд. Қирғизистон гуфт, ки дар натиҷаи муноқиша 63 шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо 41 ғайринизомӣ кушта ва тақрибан 200 нафари дигар захмӣ шуданд. Радиои Озодӣ ному насаби бештар аз 80 нафарро ҷамъ овард, ки дар муноқиша кушта шудаанд.

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 26-уми ноябр гуфт, дар масъалаи таъйину аломатгузории марз бо Тоҷикистон созиши пешакӣ ҳосил шудааст ва қарор аст, ба зудӣ мақомоти Душанбе барои гуфтугу дар ин бора ба Бишкек сафар кунанд.

Ӯ пештар изҳори умедворӣ кардааст, ки ду тараф то охири имсол ба баҳси печидаву тулонӣ нуқта гузоранд, то дигар муноқишаву хунрезӣ байни ду ҳамсоя такрор нашавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG