Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади қурбониёни садама дар Ҷомиро, ба хок супориданд.АКС


Ҳамсар ва фарзандони Болтобой Юлдошев дар садамаи рӯзи 21 июл ба ҳалокат расиданд.
Ҳамсар ва фарзандони Болтобой Юлдошев дар садамаи рӯзи 21 июл ба ҳалокат расиданд.

Садамаи мудҳиши рӯзи 21-уми июл як оиларо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нобуд кард.

Падари хонавода барои охирин дидор бо рӯйи сарду ҷисми беҷони фарзандон ва ҳамсар аз Русия омад.

Болтобой Юлдошев, сокини деҳаи Шерободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар садамаи рӯзи 21- уми июл се фарзанд ва ҳамсару модарашро аз даст дод, гуфт, ҷасади ду тифлашро баъди 3 рӯзи ҳодиса аз соҳили дарёи Вахш пайдо ва ба хок супурдаанд. Вай дар ин садама ҳамаи аъзои хонаводаашро аз даст дод ва аз як оилаи калон фақат худаш танҳо монд.

Болтабой Юлдошев, сокини ноҳияи Ҷомӣ
Болтабой Юлдошев, сокини ноҳияи Ҷомӣ

Мошине, ки зану фарзандони Болтобой дар он буданд, дар роҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ба дарё сарозер шуд ва дар маҷмӯъ шаш кас ба ҳалокат расиданд. Ду нафари дигар маҷрӯҳ шуда, дар беморхона бистариянд.

Дар он садама ронандаи нақлиёт, сокини ноҳияи А. Ҷомӣ Диловар Давлатов;

Мусофирон: Тухтарой Мустафоқулова, соли таваллудаш 1958,

Бибизайнаб Гулмирзоева, соли таваллудаш 1997,

Барно Юлдошева, соли таваллудаш 2017,

Фаридун Юлдошев, соли таваллудаш 2019,

Лайло Юлдошева, соли таваллудаш 2022 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

“Ҷасади Барнову Фаридунро се рӯз баъд аз садама пайдо кардем, баъди ташхис дар беморхонаи ноҳия, ба хок супоридем”, - гуфт Болтобой Юлдошев.

Мақомот сокинонро пурсуҷӯ доранд ва шоҳид меҷӯянд

Бо гузашти бештар аз 10 рӯз аз садама мақомоти милиса ва додситонии вилояти Хатлон аз миёни сокинони ноҳия шоҳид меҷӯянд.

Пештар Радиои Озодӣ ба нақл аз бархе сокинон гуфта буд, эҳтимол, нозири БДА барои итоат накардан ба фармони ист, мошини Диловар Давлатовро таъқиб мекард ва ронанда ҳам бо суръати баланд фирор менамуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як изҳорот “даст доштани нозири БДА-ро дар ин садама” рад кард.

Чанд тан аз сокинони деҳаи Чашмасори ноҳияи А. Ҷомӣ, ки садама дар ҳудуди деҳаи мазкур рух дод, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳам аз мақомоти додситонии вилояти Хатлон ва ҳам аз Шӯъбаи милисаи ноҳия омада, аз онҳо дар ин бора пурсидаанд.

Умед, сокини ноҳия, ки дар лаҳзаи садама чанд қадам дуртар аз ҷойи ҳодиса ба таъмири биное машғул буд, гуфт, мақомоти милиса аз ӯ пурсиданд, ки “оё нақлиёти дигаре мошини ба об афтодаро таъқиб мекард?”

“Ман дар дохили бино ба кор машғул будам. Роҳро намедидам, фақат овози “тормоз”-ро шунидам. Давида берун баромадам, дар як лаҳза мошину одами зиёд ҷамъ шуд. Лаҳзаи даҳшатнок буд, дар он ҳолат касе дар ғами ин набуд, ки мошинро кӣ “сур” мекард. Аз чанд ҳамсоя ҳамин саволро пурсидаанд”, - гуфт Умед.

Ба иттилои мақомоти БДА, садама соати тақрибан 15:30 дақиқа рух додааст; дар соате, ки ба далели гармо кӯчаҳо тақрибан бе одам аст ва пайдо кардани шоҳид кори мушкиле.

Ягона дурбини назоратӣ чиро сабт кард?

Дурбини назоратӣ дар мағозаи “Ҳоҷӣ Раҳматулло” дар деҳаи Чашмасори ноҳия - дар фосилаи тақрибан 150-метрӣ аз ҷойи садама - ягона “шоҳиди ҳодиса” аст. Дастгоҳи сабти наворҳои ин дурбинро мақомот як рӯз баъд аз садама бо худ бурдаанд. Як сокини деҳа, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ҳангоми бурдани дастгоҳи сабт кормандони мақомот нахуст наворҳои онро дар телефонҳояшон сабт кардаанд.

“Дар камера омадагӣ аст. Мошини аввал сахт меравад, мошини дувум оҳистатар, дар чуқуриҳо оҳиста ҳай мекунад. Дар камера дида мешад, ки як бача дар сояи дарахт нишастагӣ аст, милисаҳову прокурорҳо ҳамон одама суроғ доранд, мехоҳанд шоҳидӣ диҳад”, - гуфт сокине, ки шоҳиди бурдани дастгоҳи ҳифзи наворҳои дурбин шудааст.

Нозире, ки эҳтимол дорад, мошини ба об афтодаро таъқиб мекард, кист?

Ҳарчанд мақомот даст доштани кормандони БДА-ро дар таъқиби мошин рад мекунанд, аммо барои тасдиқи ин шарҳи худ наворҳои дурбини назоратиро ҳам нашр намекунанд. Ин ҳам сабаб шуда, ки овозаҳо дар мавриди таъқиби мошини ба фалокат афтида, хомӯш нашаванд.

Бино ба наворҳои дурбини назоратӣ, нозири БДА Д.Г., ки низ сокини ҳамин ноҳия аст, бо мошини шахсиаш (Радиои Озодӣ тамға ва рақами қайди давлатии мошини шахсии нозири БДА-ро дар ихтиёр дорад) ба дунболи мошине меравад, ки баъдан дар об чаппа шуд. Бархе аз сокинон гуфтанд, ин нозир баъди он садама дигар дар роҳҳои ноҳия навбатдорӣ намекунад.

Д.Г. нозири роҳ, рӯзи 31 июл ба зангҳои ба такрори Радиои Озодӣ посух надод.

Латтапораи сафед - нишоне аз қурбониён

Рӯйи пул ё купруке, ки мошин аз онҷо ба об сарозер шуд, ҳоло латтапораи сафеде баста шудааст, ки нишоне аз қурбониёни садама аст. Ин латтапораро Болтобой Юлдошев ба ёди модар, ҳамсар ва се тифлаш бастааст. Вай нақл кард, ки як рӯз пеш аз садама ҳамсараш ба вай занг зад ва аз бемор шудани писараш Фаридун хабар дод. Падар барои муолиҷаи писараш аз Русия охирин захирааш - 3 ҳазор рубл - муодили тақрибан 360 сомонӣ ирсол кард.

Рӯзи ҷумъаи 21-уми июл ҳамсари Болтобой бо роҳнамоии модари ӯ ва ҳар се тифлаш ба бемористон рафт. Модаршӯ ва келин дар хона касеро надоштанд, ки аз ду тифли дигар нигоҳубин кунад. Онҳо маблағро аз бонк гирифтанд, Фаридунро ба беморхона бурданд ва … дар роҳи баргашт ба хона ҳамагӣ ҳалок шуданд.

Хешовандони дигар Болтобойро бо баҳонаи ин ки модараш ба бемории вазнине гирифтор шудааст аз Русия даъват карданд.

“Бародари ронандаи мошин маро дар фурудгоҳ дар Москва дид, ба оғуш гирифту гиря кард. Гуфтам, чӣ гап аст, гуфт, бародарам “авария” кардасту мурдаст. Дар мошинаш 2 зан ва 3 кӯдаки дигар мурдаанд. Модару ҳамсар ва кӯдакони худам пеши рӯям омад. То Душанбе расидем, дар фурудгоҳ хешовандон пешвоз рафта буданд. Нагуфтанд, қарибии хона расидам, баъд гуфтанд. Мурдаи модарамро худам дар қабр мондам, Фаридуну Барноро ҳам”, - гуфт Болтобой.

Вай гуфт, танҳо баъди ёфтани ҷасади Фаридуну Барно дар беморхона, ҳангоми аз ташхис гузаронидан кормандони милиса аз вай хостанд, дар варақае имзо гузорад. Болтойбой мегӯяд, намедонад, ки он варақ чӣ буд. Баъд аз ин дигар касе аз мақомот ба суроғи ӯ наомада ва напурсидаанд, ки чӣ арзу шикояте дорад.

Мақомот мегӯянд, феълан додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ дорад. Аммо расман рад шудани фарзияи таъқиби нозири БДА аз мошини сарозершуда, умеди бархеро ба таҳқиқи одилонаи қазия кам кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG