Дар пайи тасодуфҳои мудҳиш дар роҳҳои кишвар, ки чандин нафарро қурбон кард, се мақомдори Бозрасии давлатии автомобилӣ ё ГАИ барканор шудаанд. Суҳроб Қурбонзода, сардори БДА аз мансаб ронда шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл ба ҷойи ӯ Рустам Мирзомуродзодаро таъин кард. Сардори БДА дар шаҳри Душанбе ва роҳбари Воҳиди махсуси ВКД дар масири ҳаракати меҳмонони баландмақом ҳам дигар шуданд.
Дафтари матбуоти Президент бо нашри хабарномае гуфт, Эмомалӣ Раҳмон “аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат” нигаронӣ кардааст. Раиси ҷумҳур ҳамчунин ба “тоза намудани сафи ҳайати шахсии БДА” дастур додааст, аммо маълум нест, ки ӯ аз садамаҳо бо ширкати кормандони ин сохтор ёдоварӣ кардааст ё не.
Дар як садамаи мудҳиш дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи 21-уми июн боис ба марги чаҳор нафар, аз ҷумла тифли сесола шуд, як майори милисаро масъул донистанд. Мақомот гуфтанд, сабабгори садама Орзубек Ҳабибзода, корманди 38-солаи БДА дастгир карданд ва “дар ҳабси пешакист”.
Тағйироти кадрӣ дар ин идораи вобаста ба Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки тайи моҳҳои охир садама дар роҳҳои Тоҷикистон афзудааст. Танҳо дар ҳодисаи 2-юми июл дар ноҳияи Файзобод 11 нафар ба ҳалокат расида, 4 каси дигар маҷруҳ шуданд.
Баъзе аз сокинон садамаҳоро гуноҳи ронандагон, душвории роҳҳо ва фасод дар Бозрасии Давлатии Автомобилӣ рабт доданд. Ин идора на танҳо ҳаракатро дар роҳҳо назорат мекунад, балки ба сокинон шаҳодатномаи ронандагӣ низ медиҳад.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 12-уми июл хостааст, тамоми кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилиро аз аттестатсия ё санҷиш гузаронанд. Дар ҳамин рӯз сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Раштро низ дигар карданд.
Бархе аз соҳибназарон зимни нигаронӣ аз вуқӯи садамаҳои пурталафот мегӯянд, ҷазо барои нақзи қонуни ҳаракат дар роҳ бояд сангинтар шавад. Бархе дигар мушкилро дар низоми додани шаҳодатномаи ронандагӣ ва ҷой доштани фасод дар ин бахш медонанд.
Хабарнигорони "Озодӣ" аз сокинон пурсиданд, ки сабаби садамаҳои зиёду маргбор чист? Назари сокинонро инҷо тамошо кунед:
Гуфтугӯ