Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз додрасҳо хостааст, ки адолатро риоя кунанд ва парвандаҳоро шаффоф баррасӣ кунанд. Ин ҳарфро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми июл ҳангоми суҳбат бо додрасҳо гуфтаат, ки тоза фармони корашон содир шудааст. Солҳост мунтақидон мегӯянд, ниҳоди додгоҳии Тоҷикистон мустақил нест ва таъини додрасҳо аз ҷониби президент баёнгарӣ зери шохаи ҳокимияти иҷроия амал кардани ин ниҳод аст.
Эмомалӣ Раҳмон ба додрасҳо гуфтааст, ки арзу муроҷиати шаҳрвандонро ҷиддӣ бигиранд ва бо масъулияти бештар ва аз рӯйи адолат амал намоянд”.
Рӯзи 18-уми июл бо фармони президенти Тоҷикистон раиси додгоҳи Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, Рӯдакӣ ва чанд додрасҳои шаҳру навоҳии дигар шуданд.
Солҳои ахир боздошти чанд додрас бо иттиҳоми фасод расонаӣ шуда буд. Созмонҳои байналмилалӣ низоми додгоҳии Тоҷикистонро фасодзада унвон карда борҳо барои ҳукмҳои ноодилона ин ниҳодро танқид кардаанд.