Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аввал шахсият буд, баъд адиб." Саттор Турсунро дар Лучоб дафн карданд. ВИДЕО


Маросими видоъ бо Саттор Турсун
Маросими видоъ бо Саттор Турсун

Саттор Турсун, нависандаи халқии Тоҷикистонро 6-уми июн дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд. Ӯ як рӯз пеш дар 77-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Шогирдаш, Сайидо Шарафӣ, мегӯяд, солҳои охир бемор буд ва “аз глаукома ва саратони ғадуди зери меъда” ранҷ мекашид.

“Бо диди худ аз дигарон фарқ дошт”

Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ

Дар маросими видоъ бо Саттор Турсун дар саҳни ҳавлии бинои иқоматиаш адибону мақомдорон ва дӯстону хонандагонаш гирдиҳам омаданд. Гулрухсори Сафӣ, шоири мардумии Тоҷикистон, дар тавсифи ҳамқаламаш гуфт, ба фавти ҳар касе бовар дошт, аммо на ба вафоти Саттор Турсун.

“Саттор Турсун аввал шахсият буд, баъд адиб... Ҳақиқатан шахсияте буд, ки худашро насохтааст, ӯро аз боло сохта ба ин ҷо фиристоданд ва ҳоло боз ба боло меравад,” – гуфт ӯ.

Саттор Турсун соли 1946 дар ноҳияи Бойсуни Узбекистон таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои дароз дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва Иттиҳоди адибони Тоҷикистон ва симати сухангӯйи Эмомалӣ Раҳмон дар замони раиси Шӯрои олӣ буданаш ифои вазифа кардааст.

Абдураҳмон Абдуманнонов
Абдураҳмон Абдуманнонов

Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшиноси тоҷик, дар шарҳи шахсияти Саттор Турсун гуфт, “ӯ бо диди худ ба зиндагӣ ва инсонҳо аз дигарон фарқ мекард”.

“Дар адабиёти мо Саттор чеҳраест, ки ба дигарон шабоҳати камтар дорад. Саттор аз адибони пурхондаи мо буд. Адабиёти классикии мо, адабиёти муосир ва адабиёти ҷаҳониро хуб медонист. Саттор Турсун дар адабиёти мо дар навиштани ҳикояву қиссаҳо навовариҳои зиёдеро роҳандозӣ кард,” – шарҳ дод ӯ.

Баҳси “Азими Матин”

Ба қавли Абдураҳмон Абдуманнонов, дар романи “Се рӯзи як баҳор” Саттор Турсун бори аввал ба ҳодисаҳои солҳои ба истилоҳ “босмачигарӣ” бо диди нав нигоҳ кард. Аммо, ба гуфтааш, ин асар дар Шӯрои бадеии Иттифоқи адибон ба далели идеологияи Шӯравӣ бо зиддиятҳое рӯбарӯ шуд.

Ба нақли Абдуманнонов, мунаққидон иддао доштанд, ки номи “Азими Матин” бо шахсияти як босмачӣ созгор нест. Дар ниҳоят, асар дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва сипас дар нашриёти Маскав нашр шуд ва барояш шуҳрати зиёд овард.

Абдулҳамиди Самад
Абдулҳамиди Самад

Нависандаи тоҷик Абдулҳамиди Самад мегӯяд, маҳз вижагиҳои қаҳрамонҳои офаридаи Саттор Турсун асарҳояшро барои таърихи адабиёти кишвар ҷовидонӣ кардаанд.

“Устод Саттор Турсун ба унвони адибе машҳур шуданд, ки забони тоҷикии моро хуб медонистанд ва бо содданависии худ мақбули хонандагон шудаанд,” – гуфт Ҳафиз Раҳмон, файласуфи тоҷик.

“Рӯзе мерасад, ки...”

Вале, бо дарназардошти аз маорифу мутолиаи китоб дур мондани ҷавонони тоҷик, ҳоло ин суол матраҳ аст, ки оё насли нав китобҳои Саттор Турсун ва нависандаҳои дигарро мехонанд ё не?

Баҳманёри Мурод
Баҳманёри Мурод

Баҳманёри Мурод, нависандаи ҷавони тоҷик, мегӯяд, “адабиёти асил ба монанди осори устод Саттор ва чандин нафари дигар агар имрӯз хонандаи бештар надорад, ҳатман рӯзе мерасад, ки дубора ба мисли даврони Шӯравиву замонҳои қабл даст ба даст мегардад. Ин ба он маънӣ нест, ки алангааш хомӯш мешавад. Ӯ як оташи ҳамешафурӯзон аст, ки ҳамеша гирди худ хонандаҳои зиёду ҳаводорони зиёдеро ҷалб менамояд.”

Саттор Турсун солҳои охир дар хонааш бемор буд, вале пайваста дар мавриди адабиёт ва кам шудани сафи хонандагон ба матбуот гап мезад. Хонандаҳои тоҷик ӯро ба унвони муаллифи асарҳое ба мисли "Камони Рустам", "Се рӯзи як баҳор", "Зиндагӣ дар домани талҳои сурх", "Санг дар бағал ба тӯфон", "Мӯйсафедон", "Ҳасрат" ва "Эътироз" мешиносон. Ҳамзамон бисёриҳо дар Тоҷикистон Саттор Турсунро ба унвони муаллифи пешниҳод додани ҷоизаи Нобел барои сулҳ ба президент Эмомалӣ Раҳмон низ мешиносанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Маросими видоъ ва дафни Саттор Турсун дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG