Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саттор Турсун дар 77-солагӣ даргузашт


Саттор Турсун
Саттор Турсун

Саттор Турсун, нависандаи халқии Тоҷикистон, шоми 5-уми июн дар 77-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Яке аз шогирдонаш телефонӣ хабар дод, ки "бист рӯзи охир бемори бистарӣ буд", вале тафсилоташро нагуфт. То кунун чандин нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хонаводааш ибрози таслият кардаанд.

Саттор Турсун солҳои охир дар хонааш буд, вале пайваста дар мавриди адабиёт ва кам шудани сафи хонандагон ба матбуот гап мезад.

Дар яке аз чунин суҳбатҳояш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "рӯ ба китоб ва фарҳанг овардани мардум аз вазъи ҷомеа вобаста аст. Агар аз ҷиҳати иқтисод мустаҳкам шавем, ҳама ба фарҳанг рӯ меоранд. Имрӯз ба фарҳанг рӯ овардан иҷборӣ аст. Бояд ҷомеа ба ояндааш боварии комил дошта бошад."

Ин нависандаи тоҷик соли 1946 дар ноҳияи Бойсуни Узбекистон таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Солҳои дароз корманди маҷаллаи "Садои Шарқ" буд.

Ба ҳайси мудири шуъбаи идеологияи Кумитаи марказии Ҳизби коммунист, котиби матбуотии президенти Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи "Помир" ва нашрияи "Баҳори Аҷам" кор кардааст.

"Камони Рустам", "Се рӯзи як баҳор", "Зиндагӣ дар домани талҳои сурх", "Санг дар бағал ба тӯфон", "Мӯйсафедон", "Ҳасрат" ва "Эътироз" аз ҷумлаи осори ӯст. Китоби охиринаш "Фонуси хаёл" моҳи апрели имсол дар шаҳри Хуҷанд нашр шуд.

Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG