Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“I am from America” - аз Баҳманёр Муродӣ from Tajikistan


Баҳманёри Мурод
Баҳманёри Мурод

Ҷавонтарин узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон китоби сеюмаш – “Қадаме ба биҳишт”-ро ба чоп расонда, китоби наваш бо номи “I am from America”-ро барои нашр омода мекунад.

Дар ин ҳафта дар нашриёти “Сино”-и Душанбе китоби нави адиби ҷавони тоҷик Баҳманёр Муродӣ аз дасти чоп берун омад. Ин алакай китоби сеюми ин адиби ҳамагӣ 25-сола аст, ки ҷавонтарин узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба шумор меравад. Худи ӯ мегӯяд, билофосила баъди нашри “Қадаме ба биҳишт” қиссаи наваш бо номи “I am from America”-ро барои чоп омода мекунад.

Баҳманёр Муродӣ алакай то синни 17 ду китоби аввалаш – “Мӯсича” ва “Ашки осмон”-ро пешкаши хонандагон карда буд ва дар синни 21 узви Иттиҳодияи нависандагон шуд. Ин адиби ҷавон, ки як падидаи фавқулодда умда дар адабиёти муосири тоҷик ва ҳатто “нобиғаи ҷавони тоҷик” ном бурда мешавад, барои асарҳои қаблиаш дар соли 2008 ҷоизаи адабии “Падида” ва ба дунбол ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро ба даст оварда буд.

Гуфтугӯе бо нобиғаи ҷавони тоҷик Баҳманёр Муродӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:35 0:00
Линки мустақим

Баҳманёр Муродӣ, ки дар ҳоли ҳозир танҳо намояндаи ба истилоҳ “насли истиқлол” дар адабиёти тоҷик аст, соли 1991, дар соле ки Шӯравӣ пош хӯрд ва Тоҷикистон ба истиқлол расид, дар рустои Сарои ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадаааст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ва чопи ду китоби аввалаш дар соли 2008 шомили бахши арабии риштаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд ва аз он замон дар Душанбе кору зиндагӣ мекунад. Ӯ баъди хатми донишгоҳ дар чандин нашрияи чопи Душанбе ба ҳайси хабарнигор кор карда, ҳоло дар хабаргузории давлатии “Ховар” ба ҳайси тарҷумон аз забони арабӣ кор мекунад.

Баҳманёр Муродӣ рӯзи 10 май дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ба дунболи “Қадаме ба биҳишт” ба нашри китоби наваш бо номи “I am from America” омодагӣ мегирад.

Баҳманёр Муродӣ: “Қадаме ба биҳишт” шомили 4 қисса ва чанд ҳикояи ман аст, ки дар солҳои гуногун, аз соли 2003 ба ин сӯ навиштаам.

Радиои Озодӣ: Ва мавзӯи асосии ин қиссаҳову ҳикояҳо чист?

Баҳманёр Муродӣ: Аслан мавзӯъҳоест, ки ҳанӯз дар замони кӯдакӣ ба онҳо бархӯрд доштаам. Ё шоҳидашон будам, ё дар дохили онҳо будаам. Ва мавзӯъҳои қиссаҳои ман, албатта, мушкилот ва дарду дарк ва ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯза аст.

Радиои Озодӣ: Яъне мухотаби шумо бештар насли ҷавон аст?

Баҳманёр Муродӣ: Бале. Ҳам мухотаб насли ҷавон аст ва ҳама қаҳрамонҳои қиссаҳои ман низ худ ҷавонанд ва суханашон ба ҷавонони дигари мисли онҳо равона шудааст.

Радиои Озодӣ: Азбаски мо каме дуртар ҳастем аз Тоҷикистон, ҳанӯз имкони мутолиаи “Қадам ба биҳишт”-ро пайдо карда натавонистем. Оё мавзӯъҳои доғи имрӯзи ҷомиаи мо, ба мисли муҳоҷирати саросарии ҷавонони тоҷик ҳам ҳаст дар доираи мавзӯъҳои ин китоб?

Баҳманёр Муродӣ: Албатта. Мавзӯи муҳоҷират, аз таҳсил дур мондани ҷавонони тоҷик ва ин ки ба сари ин ҷавонони таҳсилнадида ва муҳоҷири мо чӣ рӯзҳое меояд, аз мавзӯъҳои меҳварии қиссаҳоест, ки дар китоби “Қадам ба биҳишт” пешкаши хонанда мешаванд.

Радиои Озодӣ: Баҳманёр, ду китоби аввали шумо алакай то 17-солагиатон нашр шуд. Аммо дар ин байн то чопи китоби сеюм 8 сол фосила афтод, ки хеле тӯлонист. Сабаб чӣ буд?

Баҳманёр Муродӣ: Медонед, бо онки китоби навам тоза нашр шуд, ман ҳанӯз дар даст чандин қиссаҳову ҳикояҳои чопнашуда дорам, ки ниёз ба як таҳрир ва ҳуруфчинии дубора ва нашр доранд. Лекин ман фикр мекунам, барои ҳар адиб муҳимтарин чиз доштани хонанда аст. Вақте аз тарафи хонанда ягон гуна вокуниш намешавад, ба заҳмати ту, ба навиштаи ту назари ҳатто танқидие ҳам баён намешавад, то андозае ҳавсалаи инсон пир мешавад. Шояд ҳамин сабаб буд, ки ман чандин муддат ҳавсалаи чопи китоби навамро надоштам. Вале агар манзури шумо ин бошад, ки чаро ҳозир китобамро чоп кардам?, медонед, чизе ки маро ба ин таҳрик дод, як сухани падарам буд. Падарам, ки худ аҳли фарҳанг ҳастанд, гуфтанд, барои ман аз онки ту сарватмандтарин одами Тоҷикистон шавӣ, хурсандиовартар ин аст, ки як китобат нашр шавад. Ин ҳарф маро таҳрик дод ва ман зуд аз пайи нашри китоб шуда, ҳамаи он асарҳоеро, ки ҳуруфчинӣ шуда буду таҳрир дида буд, зери як муқова овардаму нашр кардам.

Радиои Озодӣ: Чун аз падаратон ёдовар шудед, оё падаратон буд, ки дар замонаш шуморо ба адабиёту ба нависандагӣ ташвиқ карданд?

Баҳманёри Мурод
Баҳманёри Мурод

Баҳманёр Муродӣ: Аслан ташвиқ неву балки шояд орзу доштанд. Чун дар донишгоҳ бо нависандаи бузурги мо Баҳманёр ҳамроҳ таҳсил мекарданд, шояд дар дил ин орзуро доштанд, ки фарзандашон мисли ӯ нависанда шавад ва шояд бо ҳамин умед маро чунин ном гузоштанд. Лекин асосан ҳанӯз вақте ки дар синфи 6-7 таҳсил мекардаму адабиёт ва рӯзномаҳои даврро зиёд мутолиа мекардам, шояд ҳамин маро таҳрик дод, ки ман ҳам андешаҳои худро рӯи қоғаз биорам.

Радиои Озодӣ: Баҳманёр, бубинед, ки дар аксари кишварҳои дунё нависандагӣ касб аст. Кори нависанда навиштани китоб аст фақат. Аз ҳамин ҳисоб зиндагиаш таъмин мешавад, аз ҳамин ҳисоб рӯзаш мегузарад. То куҷо нависанда будан дар Тоҷикистон пешаи осон аст?

Баҳманёр Муродӣ: Ман интизор ҳам нестам, ки нависандагиро ҳамчувн касб барои худ бипазирам. Пеш аз ҳама ба далели надоштани хонанда. Барои он ки дар кишварҳои Ғарб нависандагӣ аз ин лиҳоз касб аст, ки китобашон харидор дорад. То 2-3 миллион хонанда доранд. Вале вақте дар Тоҷикистон китобҳои ҳатто маъруфтарин адибони мо ҳамагӣ чандсад нусха нашр мешавад ва хонандагонашон ангуштшуморанд, нависандагӣ дар Тоҷикистон касб буда наметавонад. Дер ё зуд зиндагӣ моро маҷбур мекунад, ки барои таъмини рӯзгорамон дунболи чанд шуғли дигар ҳам бигардем. Лекин мо ба ин он гуна хӯ гирифтаем ва одат кардаем, ки дунболи ҳар шуғли дигаре ҳам бошем, дигар бе навиштан наметавонем.

Радиои Озодӣ: Ва ин шуғлҳои дигаре, ки зиндагии шуморо таъмин мекунанд, кадоманд?

Баҳманёр Муродӣ: Ман аслан рӯзноманигорам ва ба ҳайси тарҷумон дар хабаргузории миллии “Ховар” фаъолият дорам. Боз гоҳо тарҷума мекунам аз забони русӣ ба тоҷикӣ ё баръакс. Вақте дарди нависандагӣ мегирад ва нанавишта наметавонӣ, маҷбур мешавем, аз вақти хобу аз вақти истироҳати худ кам кунем, соатеро бидуздему бинависем.

Радиои Озодӣ: Яъне дар паҳлуи кори асосие, ки шуморо мехӯронад, нависандагӣ мекунед?

Баҳманёр Муродӣ: Муттаасифона, чунин аст.

Радиои Озодӣ: Адибони мо зиёд интиқод мешунаванд ба ин далел ки ба мавзӯъҳои доғи рӯз кам руҷӯъ мекунанд ва мегӯянд, ки адабиёти муосири тоҷик гирифтори як навъ бӯҳрон аст. Назари шумо чӣ ҳаст ба ин интиқодҳо?

Баҳманёр Муродӣ: Ман худам кӯшиш мекунам, ҳар китоби насриеро, ки дар Тоҷикистон нашр мешавад, ба даст биораму мутолиа кунам. Аз ин рӯ, ман гумон мекунам, ин интиқодҳо андешаи онҳоест, ки зиёд китоб намехонанд. Андешае, ки сатҳист ва ноогоҳона. Асарҳои зиёде ҳаст, бавижа дар осори устодони мо, нависандагони баркамоли мо, ки асарҳои хеле ҷолибу хонданианд ва маҳз нигаронида шудаанд ба мушкилоти имрӯзи мо. Шурӯъ аз мавзӯи муҳоҷират то дардҳои мушкилоти мо, шурӯъ аз характери миллии мо то идеяи миллии мо. Дар асарҳое, ки нависандагони мо ҳатто имрӯз менависанд, хеле зиёд дида мешавад бархӯрд ба чунин мавзӯъҳо.

Радиои Озодӣ: Метавонед мисол биоред, ки дар кадом асар ва аз кӣ?

Баҳманёр Муродӣ: Ман метавонам, “Барзгар”-и устод Сорбон, қиссаи “Эътироз”-и Саттор Турсун, “Нони ҳалол мехоҳам”-и Урун Кӯҳзод ва боз чандин- чандин қиссаҳои дигареро биорам, ки дар чанд соли охир навишта шудаанд ва ҳамин мавзӯъҳои доғи рӯзро фаро мегиранд. Лекин мушкил ин аст, ки аксари мардум, чун китоб намехонанд, аз ин асарҳо ҳатто хабар надоранд.

Радиои Озодӣ: Шояд баъзе хонандагон далел биоранд, ки мо намедонем, чиро бихонем? Ҳар чиро, ки пеш омаду хуш омад, мутолиа кардан маънӣ надорад. Шумо метавонед ба ин зумра хонандагон маслиҳат бидиҳед, ки кадом китобҳоро бояд хонд? Ҳам аз адабиёти тоҷик ва ҳамз адабиёти ҷаҳонӣ?

Баҳманёр Муродӣ: Азбаски дараҷаи фаҳму дарки хонандагони мо гуногун аст, вобаста ба ҳамин мешавад маслиҳат дод. Вале чанд асаре ҳаст, ки ба назари ман, бояд ҳар нафар мутолиа кунад. Аз адабиёти мо ин “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ аст яке, дигарӣ – “Восеъ”-и Сотим Улуғзода. “Се рӯзи як баҳор”-и устод Саттор Турсун, “Бандии озод”-и Кӯҳзод. Ва аз асарҳои тоза “Шинак”-и устод Юнус Юсуфӣ, агар аз адбиёти худи мо бигӯем. Аз адабиёти ҷаҳон осори шоистаи мутолиа хеле зиёд аст, вале ман мехостам хонандагони ҷавони мо ба асарҳое бештар руҷӯъ кунанд, ки дар шаклгирии ҷаҳонбинӣ ва андешаи онҳо таъсир гузошта битавонад. Масалан, ман хеле мехоҳам, ки ҳар ҷавони тоҷик “Мартин Иден”-и Ҷек Лондон ва “Пирамард ва баҳр”-и Эрнст Ҳемингуэйро ҳатман бихонад. Ин ду китоб достони талош барои зиндагист ва ҳар ҷавони тоҷик бояд бо мутолиаи ин асарҳо дарк кунад, ки барои расидан ба як зиндагии шоиста бояд ҳамин гуна талош кард. Мисле ки Мартин Иден талош мекунад ё талоше, ки қаҳрамони кӯҳансоли Ҳемингуэй барои доштани як моҳӣ ба харҷ медиҳад.

Радиои Озодӣ: Дар сабку услуби навиштани шуумо таъсири кадом адибон бештар аст?

Баҳманёр Муродӣ: Агар аз нигоҳи услуби забонӣ гӯед, ман қариб ҳамаи нависандаҳои баркамоламонро хондаам, лекин забони устодон Саттор Турсун, Кӯҳзод, Сорбон, Ҷонибек, Абдулҳамиди Самад ва агар чӣ забони хоси ӯст, боз ҳам забони Баҳманёр ба ҳадде фароханд, ки ҳар нависандаи ҷавон бояд аз онҳо бардоштҳое барои худ бигирад ва бо омезиши сабки забонии ҳар кадоми онҳо забони хоси асарҳои худро бисозад. Вале аз нигоҳи ғоя, аз нигоҳи сужа ва аз нигоҳи бандубаст ман аз оғози фаъолиятҳои адабиам кӯшиш мекунам, то ба касе тақлид накунам ва тавре нависам, ки дар зеҳни ман воқеа чунин ҷилва мекунад.

Радиои Озодӣ: Зимнан, Баҳманёр Муродӣ аз адиби шинохтаамон Баҳманёре, ки номашро ба шарафи ӯ гузоштаанд, хеле фарқ мекунад?

Баҳманёр Муродӣ: Хеле-хеле. Ҳазорсола роҳ аст аз ин Баҳманёр то он Баҳманёр.

Радиои Озодӣ: Яъне ҳанӯз роҳи тӯлоние дар пеш доред?

Баҳманёр Муродӣ: Роҳи хеле тӯлонӣ, чунки ин Баҳманёри навроҳ аст ва он Баҳманёр – як нависандаи баркамол ва забардасти мо. Лекин ин Баҳманёр ҳам, албатта, саъйу талош дорад, ки ба он сатҳ бирасад.

Радиои Озодӣ: Ва аммо насли ҷавон, ки мухотаби асосии асарҳои шумост, то куҷо ғояи ин асарҳо, мазмун ва забони ин асарҳоро мефаҳмад?

Баҳманёр Муродӣ: Ман аслан зидди навиштори душворфаҳмам ва кӯшиш мекунам, ҳаддалимкон он калимаҳову он вожаҳоеро ба кор бигирам, ки барои ҳама ошно бошад ва касе барои фаҳмидани он ба ягон фарҳангу луғат муроҷиат накунад. Ман инро барои худ сармашқи кор кардаам, ки навиштаҳои ман барои як коргари оддӣ, барои як хонандаи оддӣ, барои як ҷавони деҳотӣ ҳам ба ҳадди лозим фаҳмо бошад, чизе бардошта тавонад аз ин навиштаҳо.

Радиои Озодӣ: Чанд сол пеш мо дар Прага шоҳиди навбати тӯлоние шудем. Ҳисси таваҷҷӯҳамон боло гирифт ва рафта дидем, ки ин навбат қариб як километр тӯл мекашад ва дар як мағозаи китоби он ҳам ҳафтқабатаи пойтахти Чехия тамом мешавад. Маълум шуд, ки мардум барои харидории китоби нави як адиби чех ва гирифтани соядасти ӯ чунин навбат истодаанд. Орзуи мо ин аст, ки ба ҷои хонандагони имрӯз, ба гуфтаи шумо, ангуштшумор дар Тоҷикистон низ мо шоҳиди чунин навбатҳои тӯлонӣ барои китобҳои нави нависандагону шоирон ва донишмандони тоҷик шавем. Чунки маълум аст, ки бидуни мутолиа ягон миллат шанси пешрафт надорад.

Баҳманёр Муродӣ: Албатта, ин ҳатто орзу не, балки ормони мост. Дидани чунин рӯз. Ва ба ҳар сурат, бовар ҳам дорем, ки рӯзе мерасаду хонандагони тоҷик ҳам барои дарёфти китоби нави нависандаи дӯстдоштаашон ҳамин тавр соатҳо навбат хоҳанд истод.

Радиои Озодӣ: ИншоАллоҳ. Ва аммо китобҳои наве аз Баҳманёри навроҳ дар роҳ аст?

Баҳманёр Муродӣ: Ҳаст. Ман ҳоло як қиссае дорам, ки то ҳадде омода ҳам ҳаст, навиштаам алакай. Бо номи “I am from America”. Ин достони духтаракест, ки худро амрикоӣ муаррифӣ кардаву чандин нафарро фиреб медиҳад, ба чандин нафар кумак ҳам мерасонад. Як таззоди зебое дорад ва ман, то ҳадде ки қувваташро доштам, кӯшиш кардам, ки инро рӯи қоғаз биорам.

XS
SM
MD
LG