Раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ба раҳбарони Осиёи Марказӣ итминон додааст, ки дар сурати нақзи маҳдудиятҳои зидди Русия дар кишварҳояшон алайҳи онҳо таҳрим ҷорӣ карда намешавад.
Дар ин бора РБК аз суханони Шарл Мишел, ки 2-юми июн дар нишасти "Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ" дар Қирғизистон баён дошт, истинод овардааст.
Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҳоли ҳозир бастаи 11-уми таҳримҳоро баррасӣ дорад, то хатари давр задани онҳо камтар шавад ва ҳамчунин маҳдудиятҳо ба "онҳое дахл хоҳад дошт, ки мошини ҷангии Русияро дастгирӣ мекунанд".
"Мо мехоҳем бо ҳамаи шарикони худ дар саросари ҷаҳон танҳо аз роҳи муколама ҳамкорӣ кунем", - изҳор доштааст Шарл Мишел.
Раҳбари Шурои Аврупо қайд карда, ки маҳз бо ин мақсад ИА намояндаи вижаи таҳримҳо Дэвид О'Салливанро таъин кардааст ва ӯ бо намояндагони кишварҳои минтақа мулоқоту масъалаҳои марбут ба таҳримҳоро баррасӣ мекунад.
Аз ҷумла, вай кушиш мекунад, “шариконро мутақоид созад, ки ба Русия дар давр задани таҳримҳо кумак накунанд" ва ин маҳдудиятҳо ба онҳо чи таъсире метавонанд расонанд.
Гуфтугӯ