Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳаққи берун рафтан надорӣ." Баромадани баъзе тоҷиконро аз Русия маҳдуд кардаанд. ВИДЕО


Аз Русия баромадани баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи русӣ доранд, маҳдуд шудааст.

"Ба мисли асорат аст"

Чанде аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин бора тавассути барномаи давлатии "Госуслуги" огоҳӣ гирифтанд.

"Бароям паём доданд, ки ҳаққи берун рафтан надорам ва барои гирифтани тафсилот ба мақомоти маҳалли зист муроҷиат кунам," – гуфт як ҳамсуҳбати мо аз шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 24-уми май. Ӯ 45-сола аст. Ба далели амниятӣ нахост, номашро нависем.

Ба нақли вай, 25 сол боз дар Русия зиндагӣ мекунад ва бори аввал аст, ки барои хидмат дар артиш даъватнома мегирад. Намедонад, ки маҳдудияти сафар то кай хоҳад монд.

"Ин ба мисли асорат аст. Аз як сӯ ба ҷанг рафтан ва рехтани хуни ноҳақро намехоҳам. Аз тарафи дигар имкони тарк кардани ин давлатро намедиҳанд," – шиква кард ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Русия хуруҷи душаҳрвандиҳоро маҳдуд кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00

Думаи давлатии Русия ҳафтаи ҷорӣ аз тағйироте ба қонун ҷонибдорӣ кард, ки тибқи он ба шаҳрвандон аз лаҳзаи супурдани даъватнома, аз ҷумла ба гунаи рақамӣ (электронӣ), берун рафтан аз Русия манъ мешавад.

Шахси даъватшаванда бояд дар давоми панҷ рӯз аз лаҳзаи гирифтани даъватнома ба Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия рафта, шиносномаи хориҷияшро супорад.

Чупик: Набояд ба синну серфарзандӣ умед баст

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, гуфт, дар бораи сафарбарии соҳибони душаҳрвандӣ ба артиш ба ӯ низ шикоятҳо расидааст. Мегӯяд, Русия дар интизори ҳамлаи ҷавобии Украина аст ва, бинобар ин, набояд таваққуъ дошт, ки вазъ беҳтар гаштаву аз ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг сарфи назар мешавад.

Валентина Чупик
Валентина Чупик

"Ҳар касе даъватнома нагирифтааст, бояд фаврӣ Русияро бо шиносномаи миллӣ тарк кунад. Набояд ба син, серфаразандӣ, беморӣ, надоштани сабти иқомат ё набудани таҷрибаи хидмат умед банданд. Онҳое, ки аллакай даъватнома гирифтанд, бояд бидонанд, ки дигар барояшон на кори расмӣ, на нафақа ва на зиндагии шоиста дар ҳудуди Русия намешавад," – шарҳ дод ӯ.

Валентина Чупик итминон дорад, мақомоти Русия истифодаи душаҳрвандиҳоро дар ҷанг ба ҳайси "сипарҳои зинда" ё "барраи қурбонӣ" зиёд хоҳанд кард. Аммо ба гуфтааш "ин ки сафарбарӣ ба ҷанг расман мобилизатсия номида хоҳад шуд ё истилоҳи дигар, вақт нишон медиҳад."

Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина дар моҳи феврали соли гузашта ва сафарбарии нерӯҳои иловагӣ, даҳҳо ҳазор ҷавону мардони синни хидмат ба кишварҳои дигар рафтанд. Аз ҷумла, қисме аз ҷавонони тоҷике, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аз бими сафарбарӣ ба ҷанг ба Тоҷикистон баргаштанд.

То кунун садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд. Танҳо дар се моҳи аввали имсол тақрибан 45 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиби шиносномаи русӣ шуданд, ки тақрибан ҳар рӯзе 500 нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки майли хориҷиҳо ба гирифтани шаҳрвандии Русия дар як соли охир кам шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG