Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин қонуни тақдими "осони" шаҳрвандии Русияро имзо кард. Ҳомиёни ҳуқуқ: "Ба артиш наравед"


Президенти Русия Владимир Путин рӯзи ҷумъа, 28-уми апрел қонуни нав «Дар бораи шаҳрвандии Русия»-ро имзо кард. Ин қонун ба мақомот иҷоза медиҳад, ки шахсро барои нашри ба истилоҳ хабарҳои дурӯғ ваё танқиди артиш аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум кунанд. Қонуни нав, ки дар пасманзари ҷанги идомаёбандаи беасоси Русия алайҳи Украина қабул шуд, мегӯяд, шахсро барои «содир кардаин амале, ки ба амнияти миллӣ хатар дорад», мисли «даъват ба амалҳои зидди тамомияти арзии кишвар», даъват ба экстремизм ё «сафед кардани насизм» аз шаҳрвандии Русия маҳрум хоҳанд кард.

Айни замон, қонуни нав ба 20 гурӯҳи хориҷиҳо дарёфти шаҳрвандии Русияро осон мекунад. Аз ҷумла, ба онҳое, ки барои хидмат дар артиши Русия ва «дигар воҳидҳои низомӣ» розӣ мешаванд, имкони гирифтани осони шаҳрвандии ин кишварро фароҳам мекунад.

Ҷанге, ки Русия, ки феврали соли 2022 дар хоки Украина ба роҳ монд, мавриди маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт ва дар дохили ин кишвар ҳам бисёриҳо аз ин интиқод карданд. Даҳҳо ҳазор нафар аз кишвар берун рафтанд ва мақомот ба ҷалби хориҷиҳо, аз ҷумла, муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ба артиш рӯ оварданд. Ба таври ҷудогона ҷалби ихтиёрию маҷбурии зиндониҳо, аз ҷумла, хориҷиҳо ҳам ба роҳ монда шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолон аз муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон тақозо мекунанд, ки ба хотири дарёфти осони шаҳрвандӣ ба артиши Русия шомил нашаванд. Зимнан, ба иттилои ВКД Русия, соли 2022 аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон 174 ҳазор нафар соҳиби шиносномаи Русия шуд.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бисёр муҳоҷирон фақат ба хотири надодани пули патент мехоҳанд соҳиби шаҳрвандӣ шаванд ва ҳаёти худро бо хатар рӯбарӯ мекунанд". Ӯ даъват кард, ки дар "марҳилаи кунунӣ" аз сафар ва ҳам майл ба хидмат дар артиши Русия худдорӣ кунанд, чун ҳаёти худро бо хатар рӯбарӯ мекунанд.

Қонунҳои Тоҷикистон ҳам ширкати шаҳрвандонашро дар ҷангҳои хориҷӣ манъ мекунанд. То ҳол матбуот дар бораи марги беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Украина хабарҳо нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG