Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Рафтори домулло Абдулҳаннон дуруст буд? Ҷазо ба ӯ чӣ? ВИДЕО


Фаридун Ҳодизода, Мирзонабии Холиқзод ва Амруллоҳи Низом
Фаридун Ҳодизода, Мирзонабии Холиқзод ва Амруллоҳи Низом
Ба шаш сол зиндон маҳкум шудани домулло Абдулҳаннон Маннонов, ки бо дашному ҳақорат ҷашни арӯсии бародарзодаашро вайрон кард, дигарбора баҳсро дар бораи рафтори ӯ ва ҳукмаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по кард. Додгоҳи Хатлон ин рӯҳониро аз ноҳияи Кӯшониён ба тамошову паҳн кардани наворҳои Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи чаҳор созмони мухолифи давлат, гунаҳкор донистааст. Паймони мазкур, ки ҳаргуна иддаоро дар бораи ифротгароӣ рад мекунад, аз соли 2019 дар кишвар созмони тундрав ва мамнуъст.

Баҳси имрӯза дар “Гапи Озод” рафтори Домулло Абдулҳаннон аст ва меҳмонони мо Фаридун Ҳодизода, таҳлилгар ва Амруллоҳи Низом, хабарнигори муқими Аврупо, ки дар бораи масоили динӣ менависад.

Суолҳои барнома:

  • Рафтори Домулло Абдулҳанон, ки ҷашни арӯсиро баҳам заду меҳмонҳоро аз хона ронд, чиро нишон медиҳад?
  • Оё тӯй ва маъракаҳои хурсандӣ бояд орому сокит сурат бигирад?
  • Баҳс дар бораи рафтори домулло Абдулҳаннон дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст ва яке гуфтааст, “мақомот фикр мекунанд, бо зиндонӣ кардани ин инсон ақидаи ӯро тағйир медиҳанд. Ҳаргиз. Аз зиндон на хубтар, балки бадтар шуда берун меояд.” Назари шумо ба ин гуфта чист?
  • Як корбари дигар матраҳ кардааст, ки “мулло бо ин син ва риш фикр накард, ки чунин дашномҳои зишт дод? Хубаш карданд, монед, ҷазо гирад.” Посухи шумо ба ин корбар чӣ ҳаст?
  • Чӣ сабаби ингуна ифрот аз тарафи домуллоҳои тоҷик мешавад ва чӣ метавонад, монеи ифротгароӣ дар Тоҷикистон шавад?

Чанд иқтибос:

"Мардум мехостанд, дар тӯй шодӣ кунанд. Хусусан ҷавонон мехостанд, хурсандӣ кунанд, вале мулло омаду бо ҳақорат аз онҷо ронд. Албатта аз доираи одоб берун аст ва хатост."

"Дар шароити ҳозира дар Тоҷикистон амри маъруф дар тӯйҳо манъ аст. Бояд эътироф кунем, ки марҳила ба марҳила фишору тазъйиқ болои рӯҳониҳо зиёд шудааст."

“Маърака агар дар масҷид баргузор мешуд, амали Домулло Абдулҳаннонро қабул доштам, ки мусиқӣ бояд манъ мешуд. Маърака берун аз масҷид гузашт ва дар фазои дигар. Мулло метавонист, тамкин кунад аз тӯй баромада равад. Як нуктаи дигар. Ин маърака дар Тоҷикистон, кишвари дунявӣ, сурат гирифтааст.”

“Мулло ё рӯҳониён намояндаи пайғамбари Худо ҳастанд ва рисолаташон дар ҷомеа амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст. Агар мулло хилоферо дид, аввал бо дастонаш аз чунин ҳолат ҷилавгирӣ кунад ва агар нашуд, бо забонаш ва агар нашуд, бо дил анҷом диҳад.”

Барномаро дар инҷо бинед:

Рафтори домулло Абдулҳаннон дуруст буд? Ҷазо ба ӯ чӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:37:00 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG