Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домулло Абдулҳаннонро ба гуноҳи ифротгароӣ зиндонӣ карданд. ВИДЕО


Абдулҳаннон Маннонов
Абдулҳаннон Маннонов

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯҳонии 51-сола Абдулҳаннон Манноновро, ки дар тӯйи бародарзодааш монеи рақсу суруд шуда буд, 6 сол зиндонӣ кардааст.

Ҳукм дар охири ҳафтаи гузашта эълон шуд.

Додрас ӯро ба даъват ба ифротгароӣ гунаҳкор кард.

Вакили мудофеъ Саидҷаббор Алиев рӯзи 11-уми апрел эълони ҳукмро тасдиқ кард, аммо тафсилот надод.

Маълум нест, Абдулҳанон Маннонов дар додгоҳ чӣ гуфтааст ва мавқеи наздиконаш чист.

Дар моҳи январи имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки як рӯҳонӣ монеи рақсу суруд дар ҳавлие шуда, бо лаҳни тунд меҳмононро меронад.

Навори дашном ба меҳмонон ва рондани мардум аз хона барои рақсу бозӣ хашми корбаронро барангехт.

Бисёриҳо рафтори ӯро танқид карданд.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 27-уми январ гуфт, рӯҳонӣ Абдулҳаннон Маннонов ҷашни арӯсии ҷиянашро дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён баҳам зад.

Маннонов дар барнома гуфта буд, аз асабоният чунин рафтор кард ва умед дорад, мардум ӯро мебахшанд.

Домулло Абдулҳаннон 6 сол аз озодӣ маҳрум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG