Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон гуфтанд, ки Акмал Амирӣ ва ҳафт тан аз ёронаш "кушта шудаанд"


Акмал Амирӣ
Акмал Амирӣ

Толибон иддао карданд, ки Акмал Амирӣ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ҳамроҳи ҳафт тан аз ёронаш кушта шудааст.

Ҳамзамон бархе аз фаъолони афғонистонӣ ин хабарҳоро рад карданд. Яке аз масъулони Ҷабҳаи озодии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҷанг тӯлонӣ буд, аммо то ҳанӯз ҳеч санад дар даст нест, ки кушта шудани Акмал Амириро тасдиқ кунад".

Вазорати дифои ҳукумати Толибон дар эъломияе аз кушта шудани Акмал Амирӣ хабар дод. Иноятулло Хоразмӣ, сухангӯйи вазорат, рӯзи сешанбе гуфт, "дар натиҷаи амалиёт дар ҳудуди ноҳияи Соланги вилояти Парвон ҳашт нафар, ба шумули Акмал Амирӣ кушта шуданд."

Хоразмӣ дар мавриди замони дақиқи амалиёт чизе нагуфт, аммо иддао кард, ки дар ҷараёни он ба шахсони ғайринизомӣ осеб нарасидааст.

Бархе аз чеҳраҳои саршиноси мухолифони Толибон гуфтаанд, ки хабар дақиқ нест ва Акмал Амирӣ зинда аст. Латифи Пидром, яке аз сиёсатмадорони Афғонистон, ба нақл аз бародари Амирӣ гуфтааст, ки "ӯ зинда мебошад".

Дар ҳамин ҳол, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки Акмал Амирӣ ва Басираҳмад Андаробӣ бо баъзе аз ҳамроҳонашон пас аз як набарди чандсоата бо Толибон кушта шудаанд.

Салоҳиддин Раббонӣ, раҳбари як шохаи Ҳизби ҷамъияти исломӣ, низ хабари марги Акмал Амириро нашр кард. Раҳматуллоҳ Набил, раиси амнияти ҳукумати пешини Афғонистон, дар Твиттер кушта шудани Акмал Амирӣ ва ҳамроҳонашро маҳкум намуд.

Фарҳоди Дарё, овозони маъруф, дар Фейсбук навишт, "дилам мешиканад, вақте хабари марги чунин инсонеро мешунавам. Чунин инсонҳои хокӣ, ки хок аз қадамҳояшон кимиё мешавад."

Акмал Амирӣ аз афсарони артиши ҳукумати вожгуншудаи Афғонистон буд.

Вай пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар тақрибан ду сол пеш ба вилояти Панҷшер рафт ва чанде баъд ба Ҷабҳаи озодии Афғонистон пайваст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG