Охири ҳамин моҳ афсарони милиса, неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар кормандони ниҳодҳои интизомӣ музди кори баландтар мегиранд, ки дар муқоиса ба музди пешинаашон аз 20 то 25 дар сад зиёд аст.
Масалан баъзе аз онҳо бар асоси рутбаҳояшон на камтар аз 850 сомонӣ мегиранд. Фармони мазкурро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 6-уми феврал имзо кард ва бар тибқи он музди кори кормандони сохторҳои интизомӣ ва афсарони неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз рӯзи 1-уми марти имсол боло бурда шуд ва музди кори кормандони идораҳои давлатӣ, аз ҷумла табибону муаллимон бояд аз рӯзи 1-уми июл 20 дар садӣ афзуда шавад.
Ҳукумат гуфт, боло бурдани ҳаҷми музди кор "барои боло бурдани некӯаҳволии мардум ва ҳифзи иҷтимоии он аст". Музди кори кам дар идораҳои давлатии Тоҷикистонро яке аз омилҳои асосии фасоду ришвахорӣ медонанд.
Бо назардошти ин сана, хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки музди корашон ба зиндагӣ мерасад ва музди кори хуб чӣ қадар аст.
Яке гуфт: “ Аз куҷо мерасад, намерасад, дар идораҳои давлатӣ ҳам кор кунӣ намерасад, дар идораҳои ғайридавлатӣ ҳам.” Посухи яке дигар ингуна буд: “Ман Русия меравам, се баробар кор мекунам, агар дар инҷо 5 ҳазор сомонӣ кор кунам, дар Русия 15 ҳазор сомонӣ кор мекунам.” Ба қавли саввумӣ: “Мерасад, дар Тоҷикистон беҳад маоши нағз.” Бақия чӣ гуфтанд?
Худатон дар ин видео бубинед:
Гуфтугӯ