Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон маош боло рафт, вале ба рӯзгор таъсир нагузошт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бар асоси омори расмӣ, Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ шоҳиди афзоиши шохисҳои иқтисодӣ аз ҷумла маош ва пардохтҳои иҷтимоӣ будааст. Бо ин ҳол, бархе сокинон мегӯянд, беҳбудиеро дар зиндагиашон эҳсос намекунанд. Дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон маошу нафақаи аз ҳама камро мегиранд

Ду воқеъият

Бибигул 30 сол аст, ки дар яке аз мактабҳо шаҳри Хоруғ омӯзгор аст. Маоши моҳонаи ӯ ҳатто то марзи 150 доллар ҳам намерасад. “Ман дар як ҳафта наздик ба 10 соат дарс дорам. Аз моҳи сентябри соли 2022 маоши моро 30 дарсад боло бурданд, ки аз 1200 сомонӣ ба 1400 афзоиш ёфт. Аммо, мо ҳамкорҳое дорем, ки 300-400 сомонӣ маош мегиранд”, - мегӯяд омӯзгор. Бо гуфтаи ӯ, ин маош барои хариди ғизо ҳам намерасад. Фарзандҳояш, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон кор мекунанд, масрафи бештари ин хонаводаро таъмин мекунанд.

Маҷлиси намояндагон
Маҷлиси намояндагон

Бо ин ҳол, хабаргузории “Ховар” менависад, ки порлумони Тоҷикистон рӯзи 17-уми ноябр боло рафтани маҷмӯи маҳсулоти дохилиро 7,8 %, гардиши тиҷорати хориҷиро 18,8% ва маоши ҳадди аққалро 11,4% эълон кардааст. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Маҳмадалӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон гуфтааст, таҳлилҳо нишондиҳандаи кори муассир ва мудирияти босифати буҷаи вазорат ва идораҳои кишвар аст. Аммо беҳбуди иқтисод таъсири мусбате бар рифоҳи мардум надорад ва даромади онҳо таҳти таъсири таваррум қарор мегирад.

Рушди нисбӣ

Иқтисоддон Шодмон Саидзода мегӯяд, ки рушди иқтисодӣ маънои баланд рафтани рифоҳи мардумро надорад. “Агар даромади солонаи шумо 20 ҳазор доллар бошаду соли дигар 200 доллар зиёдтар даромад ба даст оред рушди даромади шумо 1% аст. Агар ҳамсояи шумо дар як сол 200 доллар даромад дорад ва он 20 доллар боло равад пас даромади ӯ 10% афзудааст. Ба ҳамин монанд дар Тоҷикистон аст, ки ба кор даромадани 2-3 корхона метавонад оморро ба таври қобили таваҷҷуҳ боло барад”, - мегӯяд Саидзода.

Дар гузориши Бонки рушди АвруОсиё рушди эҳтимолии иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 7,5% пешбинӣ шудааст. Рушди металлургия, маъдан, саноеи нассоҷӣ ва ғизоӣ, барқ, кишоварзӣ ва ғайра омилҳои асосии беҳбуди иқтисод гуфта шудааст. Ғайр аз ин, коҳиши ками маҷмӯи маҳсулоти дохилии Русия ва рушди иқтисодии Қазоқистон низ омилҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон гуфта шудааст.

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев

Шореҳи иқтисодӣ Абдуманон Шералиев мегӯяд, рушди иқтисодӣ омили аслии боло рафтани маош нест. “Боло рафтани дастмузд аслан баёнгари рушди иқтисод буда наметавонад. Танҳо яке аз омилҳои болоравии музди меҳнат рушди иқтисод аст ва он омили аслӣ ҳам нест. Омили дигар, ки бештар аз рушди иқтисод дар болоравии музди меҳнат таъсир дорад, таваррум аст. Рушди иқтисод наметавонад корфарморо маҷбур ба боло бурдани дастмузди коргаронаш кунад, аммо таваррум метавонад, чун харҷи коргар бештар шуда, ӯ хостори боло бурдани дастмуздаш мешавад. Ва худи қоидаи бозор ҳам инро талаб мекунад. Болоравиҳои музди меҳнат дар Тоҷикистонро ҳам асосан таваррум шакл медиҳад, на рушди иқтисод. Ва чанд соли охир сатҳи таваррум аз сатҳи афзоиши музди меҳнат болотар аст. Яъне даромади аҳолӣ камтар шудааст”, - мегӯяд Шералиев.

Ба гуфтаи ин коршинос омори давлатӣ чанд мушкил дорад. Умдатарин мушкил изофанависӣ, ки ба фоидаи ҳукумат ва ҳузури ширкатҳои чинӣ мебошад.

ширкати истихроҷи тиллои “Покрӯд” ба сармоягузорони Чин тааллуқ дорад
ширкати истихроҷи тиллои “Покрӯд” ба сармоягузорони Чин тааллуқ дорад

“Ин ширкатҳо барои Чин ва бо коргарони чиниву ирсоли ҳамаи даромадҳояшон ба Чин кор мекунанд, аммо дар оморҳои мақомоти Тоҷикистон ҷо мегиранд. Барои мисол як ширкати чинӣ, ки тилло истихроҷ мекунад, 100 млн. доллар гардиш дорад, воридоту содирот мекунад, садҳо коргари чиниро ба кор таъмин кардааст, аммо ҳам гардиши молиаш дар ММД ва ҳам шумори коргарону маоше, ки ба онҳо мепардозад дар оморҳои мақомоти Тоҷикистон ҷой мегиранд, чун фаъолияташ дар Тоҷикистон аст. Шояд моҳонаи чиниҳо, ки даҳ баробар аз коргарони тоҷики ширкатҳои чинӣ бештар аст, дар ҳамин болоравии музди миёнаи меҳнат ҳам, ки мақомот лофашро мезананд, таъсир кардааст”, - мегӯяд Шералиев.

Дар гузориши Бонки АвруОсиё гуфта мешавад, ки сатҳи таваррум дар охири соли 2022 метавонад 6,9% шавад.

Тайи 3 моҳи гузашта дар Тоҷикистон раванди коҳиши таваррум ва ё коҳиши қиммати молу коло ва тарофаҳои пардохти хизматрасониҳо то 0,3% мушоҳида мешавад. Хабаргузории “Азия- плюс” бо такя ба омори расмӣ аз коҳиши қиммати чандин маҳсулоти ғизоӣ аз 0,9 то 7,4% хабар додааст. Аммо, коршиносон сабаби ин равандро коҳиши тавоноии хариди мардум, маош ва ҷойи кор медонанд.

Тибқи омори расмӣ ҳаҷми маош дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама камтар аст. Бар асоси ниҳодҳои омории кишварҳои минтақа, маоши миёна дар Қазоқистон 650 доллар, Туркманистон 383 доллар, Узбекистан 256, Қирғизистон 231, Русия 780 доллар ва дар Тоҷикистон 159 доллар мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG