Дар ноҳияи Восеъ як корхонаи хиштпазӣ ҳаст, ки дар он занону мардон якҷо заҳмат мекашанд ва музди муносибе ҳам мегиранд. Корхонаи “Ниагара-А” даҳҳо зани маҳаллиро ба кор ҷалб кардааст, то дар хона аз бекорӣ “хаста” нашаванду барои худу фарзандон рӯзӣ пайдо кунанд.
Марзияи 35-сола, яке аз онҳост, ки бо шавҳараш якҷо кор мекунад. Кори зану шавҳар аз ҳам фарқе надорад. Хишт мерезанд, мекашанд ва ронандагӣ ҳам мекунанд. Бо музди корашон се фарзандро мехӯронанду мепӯшонанд. Марзия Файзова мегӯяд: “Ҳамаамон як маош мегирем, ягон нафар кам намегирад, ҳамаамон 3 ҳазор сомонӣ мегирем. Мисол, агар мавсими кор бошад, 3 ҳазор, агар набошад, 1500-1900. Зиндагиамонро бисёр пеш бурдем, аз рӯзе, ки ҳаминҷо кор мекунем, шукронаи Худо.”
Онҳо мегӯянд, маош ва муомилаи хуби роҳбарон онҳоро ба инҷо овардааст. Ҳоло ҳар зан дар кори худ устод аст. Ҳама якдигарро мешиносанд. Дилором Холова, ки шавҳараш муҳоҷири корист, бо тавсияи ҳамсоягон ба кор омадааст: “Ҳамсояҳо ҳама ҳаминҷо кор мекунанд. Ҳамааш гуфтанд, биё равем, ҳамонҷо кор кун. Мардаки ман як солу се моҳ аст, дар Русия пул намефиристад, гап намезанад. На бо оча, на бо фарзандош. Маҷбур шудам, омадам, дар ҳаминҷо кор кунем, гуфтем. Ризқу рӯзии кӯдаконро ёбам гуфта, зиндагиро пеш барам.”
Корхонаи хишти ноҳияи Восеъ соли 2014 аввалин бор занонро ба кор гирифт. Дар як мавсим то 13 зан ба кор омад. Маҷид Шерхонов, раиси корхона мегӯяд, мақсад ин аст, ки сафи бонувон зиёд карда шавад: “Меоянд якто дуто, талаб мекунанд, ки кор даркор аст. Шароитро муайян мекунем, маошро саривақт медиҳем. Баъд дигаронаш маслиҳат мекунанд, омадан мегиранд.”
Коргарони мард мегӯянд, ки дар кори онҳо миёну мард зан фарқе нест. Мард ҳам сечарха меронад, зан ҳам. Дар як соли ахир ҳукумати маҳаллӣ бо кумаки соҳибкорон ду корхонаи хишт сохтааст. Яке корхонаи хишти пухта, дигаре корхонаи хишти сементӣ. Раиси ноҳия ҳам мегӯяд, ки дар таъмин кардани кор аввал занонро мадди назар доранд. Ин корхонаҳо каме ҳам бошад, мардумро бо шуғлу даромад таъмин ва муҳоҷиратро кам мекунанд.
Гуфтугӯ