Ҳукумати Толибон дар Афғонистон мақсад дорад, бо ширкати Покистон, Русия ва Эрон консорсиуми тавлиди нерӯи барқ ва муассисаҳои зербиноиро таъсис диҳад. Сарпарасти вазорати тиҷорати ҳукумати Толибон Нуриддин Азизӣ мегӯяд, ба иҷрои ин барномаи дарозмуддат миллионҳо доллар сармоягузорӣ хоҳад шуд.
“Дар кабина баҳсҳо шуд ва кумисюнҳои хос таъйин гардид. Дар ин маврид паёми охирине, ки кумисюнҳо ва ниҳодҳои амниятӣ доштанд, худатон дидед, махфигоҳҳое, ки буд тақрибан аз байн бурда шуд,” – афзуд ӯ.
Шореҳон ба мисли вазири ҳукумати Толибон хушбин нестанд. Муҳаммадамир Мудақиқ, мудири Радиои Машъал, мегӯяд, “ба фикри ман, ин ҳарфҳои Толибон барои дохил аст.Онҳо мехоҳанд, ба мардуми Афғонистон нишон бидиҳанд, бо вуҷуди он ки кишварҳои дунё онҳоро ба расмият нашинохтаанд, метавонанд корҳоеро анҷом бидиҳанд. Дурнамояш дар амал, ба назари ман, бисёр мушкил аст.”
“Дар тиҷорат аввал иртиботи бонкӣ зарур аст. Феълан иртибототи бонкии Афғонистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон қатъ аст. Дар ин консорсиум бидуни додуситади бонкӣ бисёр мушкил аст. Ҳоло Афғонистон пули барқи Тоҷикистону Узбекистон ва Эрон ва Туркманистонро ё бо мошин мефиристал ва ё тавассути яке аз кишварҳои ҳамсоя тариқи саррофҳо. Ин хеле гарон аст. Ба назари ман, ин кори хеле мушкил хоҳад буд,” – илова кард ӯ.
Чаро Чин нест?
Дар ин консорсиум, ки таҳия мешавад, яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ – Чин – шарик нест. Чаро? Рейд Стендиш, шореҳи Радиои Озодӣ, гуфт, “ба фикри ман, стратегияи дарозмуддати Чин дар робита бо Афғонистон аз ду бахш иборат аст. Яке нигарониҳои амниятӣ аст, ки ба терроризм ва гурӯҳҳои ифротгаро рабт дошта, ҳамзамон гурӯҳҳоеро мадди назар мегирад, ки нисбат ба вилояти ғарбии Шинҷон барномаҳои мушаххас доранд. Чин аз он ташвиш дорад, ки Афғонистон метавонад ба паноҳгоҳи ин гуна гурӯҳҳо табдил ёбад. Бахши дигари стратегияи Чин ба захираҳои Афғонистон рабт мегирад. Қабл аз сари қудрат омадани Толибон ҳам Чин ба дороиҳои Афғонистон чашм дӯхта буд.”
Шореҳи Радиои Озодӣ меафзояд, бо беруншавии Иттиҳоди Шуравӣ ва Амрико аз Афғонистон, Чин мехоҳад собит кунад, ки ҳамкориву ҳузураш шакли дигар дорад. .
Рейд Стендиш гуфт: “Ин кишвар нишон медиҳад, ки дар фикри ишғоли касе нест, сарбозонашро ҳам ба кишваре нахоҳад фиристод. Дар Афғонистон Чин аз эҳтиёт кор гирифта, собит карданист, ки Пекин нерӯи сулҳофар аст. Ин бахши калидии стратегияи тарғиботи ҳизби коммунисти Чин низ ба шумор меравад.”
Ба тавсеаи зудраси ҳамкориҳои Чину Афғонистон шореҳ Мудақиқ зиёд итминон надорад. “Бале, Чин аз 20 сол ба ин тараф мехоҳад, масалан, дар маъдани миси Айнак, ки дар наздикии Кобул аст ва амнияташ низ хеле хуб аст, сармоягузорӣ кунад. То кунун ҳеч истихроҷе сурат нагирифтааст. Чин мукарраран мегӯяд, ки мо мехоҳем истихроҷ кунем, ҳатто чанд сол пеш бо ҳукумати қаблии Афғонистон қарордоде ҳам бастанд, аммо амалӣ нашуд.”
Русия чӣ?
Русия дар соли 2021 ба Афғонистон 26 ҳазор тонна орд содирот кард. Соли 2022 содироти орди Русия ба Афғонистон ба зиёда аз 120 ҳазор тонна баробар шуд. Дар давоми як соли гузашта чандин ҳайати ҳукумати Толибон ба Маскав рафта, тавсеаи ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Нуриддин Азизӣ, намояндаи ҳукумати Толибон, гуфт, “мо мехоҳем, қарордодҳо ва тиҷорат дар ҳадди хеле оддӣ бо Русия ҷараён дошта бошад. Ба нафъи кишвари мо аст. Мо ба чизе, ки ниёзманд ҳастем, масоили гандум аст ва кишвари Русия яке аз бузургтарин тавлидкунандаҳояш мебошад. Ва ҳамчунон ба маводи нафтӣ.”
Шореҳи афғонистонӣ ҳам ба ин ақида мувофиқ аст. Муҳаммадамир Мудақиқ гуфт: “Бале, баъд аз ин ки ҷанги Украина ба миён омад, Русия дар талоши бозорҳои нав аст ва мумкин аст, ки русҳо гандум, маводи дигари ғизоӣ ва нафтро на танҳо ба Афғонистон, балки ба Покистон ва Чину Ҳинд бо нархи арзон мефурӯшад. Дар ин қисмат ҳамкориҳо, мумкин аст, ки сурат бигирад. Аммо боз ҳам барои Афғонистон аз нигоҳи пардохти пул мушкил хоҳад буд.”
Ба ҳар ҳол баргардем, ба суоли аввал, ки ташкили консорсиум аст. Консорсиуми иборат аз 14 соҳибкори афғонистонӣ, бо ширкатҳои Эрон, Русия ва Покистон ба маблағи 1 миллиард доллар ёдддошти тафоҳум имзо карда, моҳи март дар Кобул зери назари ҳукумати Толибон нишасти байнулмилалӣ доир хоҳад кард.
Мақомдори Толибон Нуриддин Азизӣ бахшҳои асосоии барномаҳои ин консорсиумро тавзеҳ дод: “Пешниҳоде, ки ба дигар тоҷирони афғон кардем, рӯи чор мавзӯъ аст. Яке туннели Соланг аст. Бояд дар ҳудуди 8 километр як нақби ҷадид созем. Интиқоли як миқдори оби Панҷшер ба Кобул. Оби ошомиданӣ. Ва роҳи Кобул-Ҳирот-Қандаҳор. Тарҳи дигар интиқоли барқ аст.”
Ҳоло Толибон нақшаҳои худро ошкор карданд. Акнун дар шароити набудани эътирофи ҳукумати ин ҷунбиши исломӣ кӣ ба тавесаи ҳамкорӣ бо онҳо омода хоҳад шуд? Суолест, ки посухашро вақт нишон медиҳад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ