Дар панҷумин нишасти мушовирони амнияти миллии кишварҳои минтақа дар бораи Афғонистон гуфта шудааст, ки Афғонистонро набояд "раҳо" кунанд. Ин нишаст, ки бо номи "Формати Маскав" шинохта мешавад, рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми феврал дар пойтахти Русия баргузор шуд. Дар он мушовирони амниятӣ миллӣ аз Русия, Ҳинд, Чин, Эрон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок карданд.
Дар ин нишаст президенти Русия Владимир Путин ҳам суханронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон гурӯҳҳои ҳаросафкани байналмилалӣ дар ин кишвар фаъолтар шудаанд. Ӯ аз ҷумла ба гурӯҳи "Ал-Қоида" ишора кардааст, ки дар пайи тақвияти тавоноиҳои худ мебошад.
Аҷит Довал, мушовири амнияти миллии Ҳинд дар ин нишаст хостори ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон шуда, таъкид кардааст, ки ҳукумати Толибон бояд бо терроризм мубориза кунад. Мушовири амнияти милли Ҳинд ҳарчанд аз ҳеҷ ҷонибе ном набурд, аммо афзуд, ки ба ҳеҷ кишваре набояд иҷозат дода шавад, ки террористҳо ва ифротгароёнро аз хоки Афғонистон ба дигар кишварҳо бифиристад.
Расонаҳои мухталифи Эрон, аз ҷумла хабаргузории "Тасним" суханони Алии Шамхонӣ, мушовири амнияти миллии он кишваро дар нишасти "Формати Маскав" нашр карданд. Ӯ гуфтааст, ҳукумати Эрон ба ин бовар аст, ки таҳмили ҳар навъ низоми сиёсӣ дар Афғонистон, боиси афзоиши ноамниҳо хоҳад шуд. Алӣ Шамхонӣ дар идома гуфтааст, ки таъхир дар иштироки ҳама қавмҳои Афғонистон дар низоми сиёсӣ, боиси афзоиши чолишҳо дар ин кишвар мешавад.
Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Узбекистон, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, аз вуҷуди гурӯҳҳои ҳаросафкан дар Афғонистон нигарон ҳастанд. Ин нигарониҳо пас аз он афзоиш ёфт, ки тобистони соли гузашта ҷангҷӯёни вобаста ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, аз хоки Афғонистон ба Узбекистон мушак партоб карданд. Чанд рӯз пас аз ин мушакандозӣ, Толибон гуфтанд, ки гурӯҳе аз ин ҷангҷӯёнро, ки дар ҳамлаҳо даст доштанд, дар вулусволӣ ё ноҳияи Имом Соҳиби Кундуз дастгир кардаанд.
Дар нишасти "Формати Маскав" ба иловаи масоили амниятӣ, ҳамчунин дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар, ҳукумати фарогир ва кӯмакҳои иқтисодӣ ба Афғонистон баҳсҳо сурат гирифтааст.
Бо вуҷуди он, ки Афғонистон мавзуи асосии ин нишаст буд, аммо ҳеҷ намояндае аз ин кишвар дар ин ҳамоиш иштирок надошт. Толибон ҳанӯз дар бораи ин нишаст чизе нагуфтаанд. Аммо пеш аз он, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон ба расонаҳо гуфта буд, ки ҳузури онҳо дар ҳар нишасте, ки Афғонистон дар он баррасӣ мешавад, муҳим аст.
Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури пешини Афғонистон дар бораи нишасти мушовирони амнияти миллии кишварҳои минтақа дар Маскав гуфтааст, он аввалин гом дар ҳимоят аз муқовимат барои тағйир дар Афғонистон аст. Ба гуфтаи Амруллоҳ Солеҳ, дар мавзеъгирии ҳамаи онҳо як ваҷҳи муштарак ва ғайри қобили инкор вуҷуд дорад, "инки толиб ҳукумат нест".
"Формати Маскав" дар соли 2017 таъсис шуд ва ду нишасти он дар замони ҳукумати қаблии Афғонистон ва се нишасти дигар аз замони ба қудрати дубора расидани Толибон дар моҳи августи соли 2021, баргузор шудааст.
Дар севумин нишасти ин формат, ки дар поёни моҳи октябри соли 2021 баргузор шуд, намояндагони ҳукумати Толибон даъват шуданд, аммо нишасти чаҳорум ва панҷум бе ҳузури онҳо доир шуд.
Толибон дар моҳи августи соли 2021 пас аз фирори Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуданд ва қудратро ба даст гирифтанд. Бо гузашти якуним сол, то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.
Гуфтугӯ