Ҷовид Сулаймонӣ, рӯзноманигор
Натиҷаи барӯйхатгирии соли 2020 нишон медиҳад, ки занон нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Дар муқоиса бо ҷомеаҳои дигари суннатӣ, Тоҷикистон бар асоси Қонуни асосӣ кишвари мардумсолор (демократӣ) аст. Қонунҳо ба занон нисбат ба мардон ҳуқуқи баробар додаанд, вале арзишҳои динӣ, анъанапарастӣ ва хурофот сабабҳое мебошанд, ки занони тоҷикро дар сатҳҳои гуногун бо бархурдҳои носозгоре рӯ ба рӯ месозанд.
Вокуниши занон дар қиболи суннатгароӣ бинобар беилоҷӣ аксар маврид бо худкушӣ анҷом меёбад. Мавридҳои зиёдеро метавонем мисол биёварем, ки дар кишвари мо занони ҷавон аз ҷабри шавҳар ё хушдоман даст ба худкушӣ задаанд.
Давлат бо қабули барномаҳо талош меварзад, то мақоми занро дар муносибатҳои иҷтимоӣ боло бардорад, вале ҳамоно вазъи занон дар бархурд бо суннатгароӣ бетағйир мондааст.
Амалияи ҳуқуқи фитрии занон
Ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар кишвари мо зинаҳои мухталифро тай карда, имрӯз вобаста ба сохтори ҷамъиятӣ дар як шакле наздик ба дунявият қарор дорад.
Бузургтарин мушкил дар садади рушди маънавии занону духтарон дар кишвари мо маҳз мухолифат ба таълим буду ҳаст. Ба ин амали нодуруст чандин омил сабаб шуда метавонад. Нахустин ва аслитарин омил вазъи иҷтимоӣ аст. Дидгоҳи суннатгароёна ба таълими занон ва ба зудӣ оиладор кардани духтарон низ аз ҷанбаҳои дигари ин ҷараёни ғалати иҷтимоӣ мебошанд.
Агар ба як ё ду даҳсолаи гузашта назар андозем, хоҳем дид, ки сатҳи мухолифат бо таҳсил дар кишвар бисёр боло буд. Ҳоло бо дарки он ки таълими духтарон дар рушди маънавӣ ва моддии онҳо нақши калидӣ дорад, таълими занону духтарон роиҷ шудааст.
Бино ба омори расмӣ, дар соли 2020 ҳиссаи духтарон дар зинаҳои таҳсилоти асосӣ 48,5%, таҳсилоти миёна 46,7%, таҳсилоти миёнаи касбӣ 65% ва таҳсилоти олӣ 39,7% ташкил медиҳад. Омори нисбатан чашмрас аз ин миён зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад. Ин гувоҳи он аст, ки занон зарурати омӯзиши касбу ҳунарро дар ҳаёти худ бештар дарк намуданд.
Табъиз ва хушунат нисбат ба занон
Табъиз низ нисбат ба занон дар ҷомеаҳои шаклгирифта аз суннату анъана бештар ба назар мерасад. Ҳамоно хушунати оилавӣ, ҷудошавии азҳампошии хонаводаҳои ҷавон, баҳси бакорат, масоили васояту парасторӣ аз мушкилҳои аслии ниҳоди оила дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Хушунат ва табъиз нисбат ба занон дар кишвари мо бештар ҷанбаи оилавӣ дорад. Мардони ҷомеаи мо ба дарки воқеии он ки хушунати хонаводагӣ ҷиноят маҳсуб меёбад, нарасидаанд.
Дар тӯли ин солҳо масъалаи бисёрҳамсарӣ ҳамчун масъалаи доғ мондааст. Қонун ҳам дар қиболи ин падида механизми қудратманде надорад ва ба пешгирии он сабаб шуда наметавонад.
Аслитарин омиле, ки иқтидори занро нисбат ба ҷинси мухолиф дар як ҷомеаи суннатӣ нишон медиҳад, ҷуръат мебошад. Бинобар ин пурқудраттарин куниши занон дар як ҷомеаи суннатӣ маҳз ҷуръати эшон бар хилофи меъёрҳои иҷтимоӣ мебошад.
Дар мусоҳибае мудофеи ҳуқуқи башар Ширин Ибодӣ, мегӯяд: “Вақте бо омадани инқилоби исломӣ аз вазифаи Раёсати додгустарӣ барканор шудам, тасмим гирифтам, шароитро иваз кунам. Дар дилам буд, коре кунам, ки рӯзе додгустарӣ пушаймон бишавад, ки маро аз қазоват бартараф кард.” Бо ҳамин, канор гузоштани Ширин Ибодӣ аз мансаби қазоват ӯро вориди масире кард, ки бо дарёфти Ҷоизаи сулҳи Нобел хатм шуд.
Вазъи иҷтимоии занон
Наворҳои имдодхоҳӣ ва рӯзгори танги занони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ гувоҳи он аст, ки бахше аз занон дар кишвари мо қишри нотавон, ниёзманд ва зарардида маҳсуб меёбанд. Ҳарчанд дарсади фақр аз рӯйи нишондоди ҳукумат сол то сол поён арзёбӣ мешавад, ҳамоно фақр аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ мондааст.
Муҳоҷирати кории занон, ки бузургтарин мушкили занон ва аслитарин роҳи даромади иқтисодии аҳолии кишвар аст, рӯз то рӯз меафзояд. Аз рӯйи омори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати кор, сафи занони муҳоҷир дар кишвар меафзояд.
Тибқи нишондоди ин пажӯҳишгоҳ дар 9 моҳи соли 2022 шумораи занони муҳоҷир беш аз 92 ҳазорро ташкил медиҳад.
Ҳадди пардохти имтиёзҳои иҷтимоӣ ба занон поин аст ва аксар имтиёзҳои иҷтимоӣ, ки дар кишварҳои мутараққӣ ва қонунманд ба занон дода мешаванд, дар Тоҷикистон амал намекунанд. Дар Тоҷикистон барои таваллуди тифл ҳам маблағ металабанд, ҳарчанд дар зоишгоҳҳо бо ҳарфҳои калон навиштаанд, ки “таваллуд ройгон аст” ва масъулони Вазорати тандурустӣ низ ин иддаоро намепазиранд.
Фасоди молӣ, риоя накардани қонун ва надонистани ҳуқуқи фитриву шаҳрвандӣ, дар садади рушди ичтимоӣ ва иқтисодии занон меистанд.
Гуфтугӯ