Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастрикин гуфтааст, тоҷикон ҳам бояд ба ҷанги Украина сафарбар шаванд


Александр Бастрикин
Александр Бастрикин

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, хориҷиён аз ҷумла тоҷиконе, ки шаҳрванди кишвараш шудаанд, бояд ба ҷанги Русия ба зидди Украина сафарбар шаванд.

Александр Бастрикин дар мусоҳибае, ки нашрияи давлатии “Российская Газета” рӯзи 13-уми январ нашр кард гуфтааст, онҳое, ки шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд, на танҳо ҳаққу ҳуқуқи ин кишвар, балки уҳдадориҳое доранд, ки бояд иҷро кунанд.

Ӯ афзудааст: “Яке аз ин уҳдадориҳо хидмати ҳатмӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Русия ва иҷрои талаботи он аст.” Ба қавли Александр Бастрикин, дар 5 соли ахир бештар аз 1 миллион нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва 550 ҳазор нафари онҳо сокинони Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон ҳастанд.

Ба гуфтаи мақоми баландпояи Русия танҳо дар шаш моҳи соли 2022 бештар аз 60 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои мазкур ҳаққи шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд ва аз ин рӯ ба гуфтаи ӯ “бояд масъалаи сафарбар кардани ингуна шаҳрвандон” ба ҷанг дар Украина баррасӣ шавад.

Тоҷикистон бо Русия созишномаи душаҳрвандӣ дорад, айни замон бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҳар касе, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат мекунад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. То кунун даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина кушта ва ё захмӣ шудаанд.

Мақомот ҳам аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостаанд, ки дар ҷанги Русия ба зидди Украина ширкат накунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG