Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскун дар хонаи шавҳари собиқ, аммо бе об ва бе барқ. ВИДЕО


Моҳира Холова мегӯяд, панҷ сол боз дар манзили шавҳари собиқ маскун аст
Моҳира Холова мегӯяд, панҷ сол боз дар манзили шавҳари собиқ маскун аст

Бештар аз 1000 зани тоҷик соли гузашта дар хонаҳои шавҳарони собиқи худ маскун шудаанд. Инҳо заноне ҳастанд, ки талоқ гирифтаанд, вале додгоҳ қисме аз моликияти шавҳарро ба онҳо дода. Зиндагӣ дар канори шавҳари собиқ барои занҳои тоҷик чӣ гуна аст ва роҳи ҳал дар куҷост?

"Наздиконро ба хона роҳ намедиҳанд"

Моҳира Холова, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе, панҷ сол боз дар манзили шавҳари собиқаш маскун аст. Дар ҳуҷрае, ки 9 метри мураббаъ масоҳат дорад, бо се фарзанд зиндагӣ мекунад.

Моҳира Холова бо фарзандонаш
Моҳира Холова бо фарзандонаш

Ба нақли ӯ, зиндагӣ дар зери як бом бо шахсоне, ки ба қавле "сояи ҳамдигарро аз девор метарошанд", осон нест.

"Ҳатто ҳаққи истифода аз об дода намешавад. Маҷбурем, барои шустушӯи фарзандон ба хонаи хешовандон биравем. Барқро хомӯш мекунанд. Наздиконро ба хона роҳ намедиҳанд," – нақл кард ӯ рӯзи 8-уми феврал.

Мегӯяд, чораи дигар надорад. Маҷбур аст, дар онҷо бимонад ва барои ҳаққи худу фарзандон мубориза кунад. Дар хонаи волидон ҳам "намеғунҷад".

Ӯ маълумоти олӣ надорад, зиндагии худу фарзандонашро бо фаррошӣ таъмин мекунад. "Долони як бинои баландошёнаро мешӯям, дар моҳ 700 сомонӣ медиҳанд. Албатта, ба ҳама чиз намерасад," – илова кард Моҳира Холова.

Наворро дар инҷо бинед:

Маскун дар хонаи шавҳари собиқ, бе обу бе барқ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Роҳи ҳал кадом аст?

Дар як соли гузашта бештар аз ҳазор зани тоҷик ба мисли Моҳира Холова бар асоси ҳукми додгоҳҳо дар манзили шавҳарони собиқ ҷойгир шуданд.

Масъулони Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфтанд, на дар ҳама ҳолат ҷонибҳо баъд аз талоқ мехоҳанд, бо ҳамсари собиқ дар зери як бом зиндагӣ кунанд. Мақомот ҳам эътироф мекунанд, ки иҷрои санадҳои додгоҳ дар ин маврид осон нест.

Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон, гуфт: "На дар ҳама ҳолат соҳибмулкони асосӣ мехоҳанд, дар манзили онҳо маскун карда шаванд, ҳарчанд санади додгоҳ ҳам вуҷуд дошта бошад."

Солҳои охир мавридҳои азҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон афзудааст ва додгоҳҳои кишвар низ пур аз баҳси хонаводагист. Бархе ба бозбинии кодекси манзил ва оила таъкид мекунанд.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, корманди Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, мегӯяд, "онҳо ҳам як қишри осебпазир ҳастанд, фикр мекунам, ворид намудани муқарарроти “манзили иҷтимоӣ” то як андоза бояд мусоидат кунад."

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, зан пас аз гирифтани талоқ дар сурати доштани фарзанд ҳақ дорад, дар он манзиле, ки ҳамчун келин ворид шуда буд, маскун шавад.

Тибқи қонунҳои ҷорӣ, талаби онҳо барои сукунат дар хонаи собиқ шавҳар қонеъ мешавад, аммо аксаран рӯзу рӯзгори талхе доранд ва гоҳе ба мисли Моҳира ба обу барқ дастрасӣ надоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG