Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиғони зани якум дар ЗАГС: “Чаро шавҳарамро ба зани дигар никоҳ кардед?” ВИДЕО


Парвина Раҳмонова
Парвина Раҳмонова

Парвина Раҳмонова, сокини маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе, пас аз онки аз зани дувум доштани шавҳараш бохабар шуд, бо корманди идораи САҲШ (ЗАГС) даст ба гиребон гардид. Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе ӯро ба майдаавбошӣ гунаҳкор карда, ҷарима бастанд.

"Гуфт, чӣ ҳақ доред шавҳарамро ба зани дигар никоҳ кунед?"

Ӯ баъди он аз зани дувум доштани шавҳараш огоҳ шуд, ки дар нусхаи шаҳодатномаи фарзанди як зани барояш бегона исми шаҳварашро ёфт. Парвина Раҳмонова бо нусхаи шаҳодатнома рӯзи 27-уми феврал ба идораи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ)-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рафта, бо роҳбари он даст ба гиребон шуд.

Саёҳат Достизода, мудири САҲШ-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баҳс аз он сар шуд, ки ӯ имзояшро дар он шаҳодатномаи таваллуд тасдиқ кард. "Ӯ сахт оташин шуд ва гуфт, Шумо чӣ ҳақ доред бе иҷозати ман шавҳарамро ба зани дигар никоҳ кунед? Ба ман дарафтод, ҳуҷҷатҳоямонро титу пош кард. Ҳарчанд хоҳиш кардам, ки ором шавед, шавҳари Шуморо ба кӣ никоҳ кардааст? Ӯ тамоман маро гӯш намекард ва бо дашному ҳақорат ба ман дарфтод, бо панҷаҳояш дастамро харошид", - нақл кард Достизода.

Зане бо ҳамла ба корманди ЗАГС таҳдид кард, ки фарзандашро ба замин ҳаво медиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Ин мақоми САҲШ иддао кард, ки даъвати посбон ҳам барои хомӯш кардани хашми ин зан кумак накардааст. Шоҳидон мегӯянд, ин зан тифли 1,5-солаашро дар даст дошт ва пас аз омадани милисаи нозири минтақавӣ таҳдид кард, кӯдакашро аз ошёнаи дувум ба замин мепартояд. Саёҳат Достизода гуфт, пас аз онки посбони идора ҳам оташи ғазаби ин занро хомӯш карда натавонист, тасмим гирифтанд кормандони мақомоти милисаро даъват кунанд.

"Ба додрас гуфтам, ки ду фарзанди хурдсол дорам"

Ба нақли кормандони ЗАГС, ҳангоми ҳозир шудани нозири минтақавӣ, Парвина Раҳмонова гӯё таҳдид кардааст, тифли дасташро ба замин ҳаво медиҳад. Милиса монеи ин кор шуда, Раҳмоноваро бо тифли дасташ ба идораи милиса бурдааст.

Аммо Парвина Раҳмонова рӯзи 1-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ба касе ҳамла накард ва таҳдиди партофтани кӯдакашро ҳам надошт. Парвина гуфт, 2 сол боз бо шавҳараш дар як ҳавлӣ, аммо аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекунанд. Ақди никоҳи расмии онҳо бекор нашудааст, вале дар ҳавлии шавҳар бо ду фарзанд маскун аст.

Ӯ гуфт, рӯзи 27-уми уми феврал бо дархости шавҳараш барои бекор кардани ақди никоҳ ба додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ даъват шуд, аммо посухи рад дод. "Ман ба додрас гуфтам, ки ду фарзанди хурдсол дорам, моро ба хона таъмин кунед, марҳамат, ҷудо мешавам. Гуфтанд, ӯ алакай бо каси дигар ақди никоҳ дорад ва ба ман шаҳодатномаи як кӯдакро бо номи шавҳарам нишон доданд. Дидам, ки дар он ҷо суроғаи ЗАГС-и ноҳияи Фирдавсӣ ва имзои раҳбари он аст”, - афзуд ӯ.

"Ман даст набардоштам"

Парвина Раҳмонова
Парвина Раҳмонова

Парвина Раҳмонова мегӯяд, баъд аз шунидани ин хабар, хеле нороҳат шуд ва барои огоҳ шудан аз асли қазия, ки чӣ тавр шавҳари ӯ ҳамзамон бо ду нафар ақди никоҳ кардааст, ба ЗАГС-и ноҳияи Фирдавсӣ омад. “Аввал дарбон нагузошт ба ЗАГС ворид шавам. Баъди он ки даромадам, назди раис рафта гуфтам, ин ЗАГС-ро кӣ кард? Чун як одам тибқи қонун бо як нафар ақди никоҳ мебандад. Гуфт, ман кардам ин корро ва шудем баҳс. Дашном кардем. Вале ман даст набардоштам ва маро берун бароварда гуфтанд, шавҳарат ба касе ақди никоҳ набастааст, фақат падарӣ кардааст. Ман гуфтам бояд ҳамин хел аз аввал мефаҳмондед ба хубӣ”, - афзуд ӯ.

Парвина мегӯяд, зиндагиаш дар ҳавлии маскуншудаи шавҳар хеле бад аст. Барояш ҳатто ҳаққи истифода аз об дода намешавад ва ӯ маҷбур аст аз хонаи ҳамсоя об гирад. Ба ин ҳавлӣ ҳам аз наздикони ӯ касе роҳ дода намешавад. Аммо дигар илоҷ надорад ва маҷбур аст онҷо бимонаду барои ҳаққи худ мубориза барад. Ӯ таҳсилдида аст ва дар маркази саломатии шаҳри рақами 9 кор мекунад. Ҳоло дар рухсатии таваллуд қарор дорад ва дар таъмини кӯдакон модараш ба ӯ кумак мекунад.

Ҳамсари дуюм: Никоҳи мо қонунӣ аст

Умеда Абдуллоева, ҳамсари дуюм, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои инки гуё шавҳараш ӯро пинҳонӣ ба никоҳи худ даровардааст, рад кард. Умеда гуфт, шавҳараш бо Парвина ду соли пеш аз ҳам ҷудо шуда, баъд бо ӯ оиладор шуд. “Ба хотири инки кӯдаки Парвина якунимсола набуд, додгоҳ онҳоро расман ҷудо накард. Акнун шавҳарам барои расман ҷудо шудан аз ЗАГС ба додгоҳ ариза навиштааст. Ҳайрон мешавам, ки судяҳо барои чӣ нусхаи шаҳодатномаи писари маро ба ӯ нишон доданд," - гуфт Умеда.

Ин ҳарфҳоро Раҷабгул Саидаминова, хушдомани Парвина ҳам тасдиқ кард ва дар вайроншавии оилаи писараш ҳамсари аввалии ӯро гунаҳкор донист.

"Вақте падари кӯдак маълум нест..."

Як нозири минтақавӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Парвина Раҳмонова ин кори худро дар ҳолати асабонияти шадид ва рӯҳафтодагӣ карда, сахт пушаймон аст. "Мо нисбат ба ӯ бо моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз кардем. Ӯ ба гуноҳи худ иқрор шуд. Ду кӯдаки хурдсол дорад ва муваззаф шуд, ки ҷарима супорад."

Чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон расман мамнуъ аст. Замоне чандҳамсарии мард исботшуда ҳисоб меёбад, ки ӯ ҳамзамон бо ду зан зиндагии якҷояро пеш барад. Ҳуқуқшиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, доштани фарзанд аз зани дигар исботи чанд ҳамсарӣ буда наметавонад.

Саноат Солиева
Саноат Солиева

Cаноат Солиева, раиси созмони "Фемида", дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте падари кӯдак маълум нест, САҲШ хоначаи падарро холӣ гузошта, дар шаҳодтанома танҳо номи модарро сабт мекунад. Аммо агар падари кӯдак маълум аст ва ӯ бо ариза инро тасдиқ кунад, САҲШ дар он ҷо номи ӯро ҳамчун падар сабт мекунад. Ҳатто ин зан ва мард никоҳ ва шаҳодатномаи ақди никоҳ ҳам надошта бошанд, мақомот дар шаҳодатномаи таваллуд номи падару модари кӯдакро зикр мекунанд”.

Чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дузанаҳо ва ҳамсарони дувум намехоҳанд, ки робитаҳояшон ошкор шавад, чун Қонуни ҷиноии Тоҷикистон чандҳамсарӣ дар кишварро мамнӯъ карда, барои бисёрзанӣ ҷарима ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ кардааст. Аммо бо ин вуҷуд чанҳамсарӣ ва ё дузанагӣ дар Тоҷикистон як падидаи роиҷ боқӣ монда боиси сар задани мушкилоти иҷтимоиву равоние мисли оилаи Парвина Раҳмонова мешавад, ки аз ғояти рашку ғазаб ба корманди САҲШ дарафтод.

Чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги дохилӣ густариш пайдо кардааст. Соҳибназарон коҳиши шумори мардҳо, афзоиши теъдоди духтарони бешавҳар, муҳоҷирати тақрибан саросарии мардҳоро аз иллатҳои аслии ин раванд дар кишвар медонанд. Омори хосе дар бораи теъдоди занҳои дувум дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Чанд сол пеш созмони иҷтимоии "Рушд" дар вилояти Хатлон миёни 500 нафар, аз ҷумла 250 зани дувум ва 250 марди дузана пажӯҳише анҷом дода муқаррар намуд, ки бештари афроди дузана ва ё бисёрзана – тоҷирону соҳибкоронанд. Дар феҳристи онҳо мансабдорон дар мақоми дувум қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG