Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оламбӣ роҳ намегардад, аммо аз дигарон ҳам ақиб намемонад. ВИДЕО


Оламбӣ Наимова
Оламбӣ Наимова

Оламбӣ Наимова дар синфи севум ва дар як мактаби миёнаи ноҳияи Муъминобод мехонад.

Ба сабаби маъюбӣ ва сармову ях бастани роҳҳо наметавонад, ба дарс равад.

Дӯстонаш, Маликаву Омина, ӯро танҳо намемонанд ва дарсро бо ӯ такрор мекунанд.

"Мехоҳам, ки дарс хонам. Аз ҳамсинфон розиям. Агар хонам, калон шавам, духтури ҷарроҳ мешавам," – мегӯяд Оламбӣ Наимова.

Оламбӣ Наимова бо дугонаҳояш
Оламбӣ Наимова бо дугонаҳояш

Маликаву Омина дар рӯзҳои бебарфӣ Оламбиро бо навбат ба мактаб мебаранд. Мегӯянд, агар рӯзе ҳамдарси худро набинанд, эҳсоси оромӣ надоранд.

Омина Акрамзода, ҳамсинфи Оламбӣ, гуфт: "Агар ба мактаб наравад, ба наздаш меоем. Вазифаҳои хонагиро якҷоя менависем. Бозӣ мекунем ва сипас ба хона меравем."

Хонаводаи Оламбӣ дар семоҳагии ӯ огоҳ шудаанд, ки пояш нуқс дорад. Муолиҷаро аз он вақт шуруъ карданд.

Модараш мегӯяд, табибон роҳ нагаштани Оламбиро ба мушкили майнаи сар рабт доданд. Дар дусолагӣ як ҷарроҳиро пушти сар кард.

Пайвандон умед доранд, ӯро дар хориҷа табобат кунанд. Миҷгонаи Пирхонзода, модари Оламбӣ, мегӯяд, "табибони худамон ягон гап назаданд. Мо дар хориҷа духтур ёфтем. Натиҷаи санҷишҳоро нишон додем. Мегӯяд, биоред, табобат мекунем. Мо маблағи заруриро ба даст оварда натавонистем."

Оламбӣ Наимова
Оламбӣ Наимова

Ноҳияи Муъминобод кӯҳистонист ва хонаи Оламбӣ дар як баландӣ ҷойгир аст. Мактаб ҳам аз хонаи онҳо як километр дур. Модараш мегӯяд, ӯро ба мактаб гузоштанд, то савод омӯзад, дӯст биёбад ва аз ҷомеа ақиб намонад.

"Дар фасли зимистон барои мо бисёр мушкил аст. Мактаб дур аст, роҳ дар баландист. Бурдану оварданаш мушкил. Аз моҳи декабр духтари ман ба мактаб нарафтааст. Роҳ ях бастааст, бурда намешавад," – афзуд ӯ.

Хонаводааш барои Оламбӣ аробаи махсус сохтаанд. Ҳар рӯз бо ёрии он роҳ меравад. Бовар дорад, рӯзе инро аз худ дур мекунаду бо пойи худ ба мактаб меравад. Маликаву Омина ҳам ӯро ташвиқ мекунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

“Мехоҳам, дарс хонам.” Достони Оламбӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG