Як духтари 13-солаи тоҷик, ки то ин дам бо дасту зонуҳояш дар рӯйи замин ҳаракат мекард ё ба қавле "чорғов мерафт", акнун қадамҳои аввалини худро мегузорад. Ӯ дигар маҷбур нест, барои берун рафтан ба дасташ ҳам пояфзол бипӯшад. Волидонаш гуфтанд, се бародараш низ мустақилона роҳ рафта наметавонанд. Пизишкон қазияро ба никоҳи хешутаборӣ рабт медиҳанд, волидон хости Худо медонанд.
Мадинаро чӣ гуна ба Русия бурданд?
Мавлуда Латифова то се моҳ пеш ба по рост истода наметавонист. Сарнавишти ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ баъди роҳ ёфтани як навораш дар Интернет ба куллӣ дигар шуд.
Наворро созмони хайрияи "Пешрафт" омода ва нашр карда буд. Аҳлиддин Азизов, падари Мавлуда Латифова, мегӯяд, "аз ҳоли мо бохабар шуданд ва навор гирифта, дар Ютюб гузоштанд. Наворро духтур Казбек Кудзаев дида, хост, ба духтари мо мадад кунад."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Казбек Кудзаев, табиби шикастабанд ё ортопеди маъруфи рус, ӯро барои муолиҷа ба Владикавказ даъват кардааст. "Дилам сӯхт. Гуфтам, кумак мерасонам. Ба ман навиштанд, ки пул надоранд, камбизоатанд. Гуфтам, ба ман пул даркор нест, ӯро аз ҳисоби худ ҷарроҳӣ мекунем," –нақл кард Кудзаев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми март.
Вай афзуд, бемории Мавлуда фалаҷи нави гипертоникӣ аст ва зонуҳояш рост намешуданду мушакҳо нотавон буданд. Мавлуда се моҳ боз дар шифохонаи Кудзаев муолиҷа мегирад. Ҳоло бо мадади пизишки рус ва хайрхоҳон бо волидонаш дар хонаи иҷорае дар Владикавказ зиндагӣ доранд. Пойҳояшро ҷарроҳӣ ва рост карданд.
"Мо хешу табори дурем, бибиҳоямон хоҳаронанд"
Аҳлиддин Азизов, падари Мавлуда Латифова, мегӯяд, духтараш ба сахтӣ, аммо аввалин қадамҳояшро мегузорад. "Дар ходунок меистод, пой ва миёнаш каҷ буд. Ҳозир қадамашро ҳам рост мемонад. Умед дорем, ки сиҳат мешавад," – гуфт ӯ.
Ҳоло даҳҳо нафар дар Русия ва Тоҷикистон сарнавишти Мавлударо пайгирӣ доранд. Онҳо ӯро рӯҳбаланд мекунанд ва барояш пул мефиристанд. Ҷарроҳ Кудзаев дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳар комёбии Мавлуда ба корбаронаш хабар медиҳад.
Волидон мегӯянд, Мавлуда аз хурдӣ бемории фалаҷ дорад. Бо имкониятҳои маҳдуд онҳо дар Тоҷикистон талош карданд, ӯро ба по хезонанд, аммо бенатиҷа буд. Аз 8 фарзанд дар оилаи онҳо 4 нафар мустақилона роҳ рафта наметавонанд.
Аҳлиддин Азизов, падари Мавлуда, барои пеш бурдани зиндагӣ ба муҳоҷират ба Русия мерафт ва нигоҳубини кӯдакони бемор ба уҳдаи модар буд. "Бачаи дуюмам маъюби гурӯҳи якум ва 23-сола аст. Бачаи дигарам, ки роҳ намеравад, маъюби гурӯҳи як ва 21-сола аст. Дигарӣ ҳамин Мавлуда аст, ки 13 сол дорад. Бачаи хурдиям чаҳорсола аст. Сабабро никоҳи хешутаборӣ мегӯянд. Мо хешу табори дурем. Бибиҳоямон хоҳаронанд. Ин ҳамааш хости Худо," – мегӯяд Аҳлиддин Азимов.
Ба по рост шудани Мавлуда волидони ӯро ба шифо ёфтани фарзандони дигар умедвор кардааст. Ҷарроҳ аз он хушҳол аст, ки Мавлуда пойҳояшро идора мекунад. Ӯ як сабаби чунин бемориро ҳосили хешу таборӣ донист.
Казбек Кудзаев аз он нигарон аст, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз никоҳҳои хешутаборӣ зиёд аст ва ӯ тавсия дод, ки "ҷавонон бахти худро миёни хешовандон наҷӯянд."
"Чун пизишк ҳушдор медиҳам ва ҳам хоҳиш мекунам. Ҳар қадаре, ки издивоҷи хешутаборӣ мекунад, ҳамон қадар таваллуди кӯдакони маъюб бештар мешавад. Ба ин кор набояд роҳ дода шавад," – хулоса кард ӯ. Чизе, ки мақомоти Тоҷикистон чанд соли охир батакрор мегӯянд ва аз соли 2016 қонунӣ никоҳи хешовандони наздикро манъ кардаанд.
Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар ҳамчун маъюб ва ё шахсони дорои имконияташон маҳдуд сабт шудаанд.