Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар талоши рақс. Мустанади Радиои Озодӣ. ВИДЕО


Чаҳор ҳамтақдир

Садбарг Муталибова:

  • "Вақте якҷонишин шудам, хеле ғамгину афсурда будам. Духтари холаам рӯймолдӯзиро ёд дод. Рӯймоле, ки мардҳо дар рӯзи маъракаҳо дар миён мебанданд. Ин маро такон дод ва пас аз он бофандагӣ ва дигар ҳунарҳоро аз худ кардам."

Дилором Қурбонова:

  • "Пештар барои ғамгин нашудан худамро бо ҳар кор машғул медоштам. Ҳоло барои зиқ будан фурсат надорам, бештар сайру гашт мекунам."

Гулбаҳор Нарзуллоева:

  • "Бештар ҳамсояҳо дархост мекунанд, ки барояшон либос дӯзам. Ба дигарон низ тавсия медиҳанд. Шукр, ки ин касбро медонам ва ҳоло бо дастмузди худ 500 сомонӣ пули иҷораи манзилро мепардозам."

Умеда Боҳирова:

  • "Вақте ба мактаб мерафтам, пойҳоям дард мекарданд. Модарам дилбардорӣ кардаву боз ба мактаб мефиристоданд. То синфи 9-ум хондаму бас. Баъди он ба ҳеч куҷо дохил нашудам ва фақат дар хона нишастам."

АЗ КУҶО ШУРУЪ ШУД?

Панҷ сол пеш мусобиқаҳои варзишӣ чаҳор зани маълул ё имконияташон маҳдудро аз гӯшаву канори вилояти Суғд ба ҳам овард. Онҳо барои бозиҳои варзишӣ дар рӯйи аробаи маъюбӣ ҷалб гардида буданд. Ҳоло занони ҳамтақдир мехоҳанд, дастаи рақсиро фаъол кунанд, аммо имкони молӣ надоранд.

Садбарг Муталибова, яке аз онҳо, мегӯяд, "вақте бозии баскетболро шуруъ кардем, гуфтам, ки як идея дорам. Онҳо пурсиданд, ки чӣ аст. Гуфтам, ки дар Тоҷикистон рақс дар рӯйи аробаи маъюбӣ нест, биёед, онро ташкил мекунем."

Бо рӯйи кор омадани дастаи рақсӣ 12 зани маъюб ба он ҳамроҳ шуданд ва дар оғози мусобиқаҳои варзишӣ ҳунарнамоӣ карданд. Ҳатто берун аз он ба якчанд маъракаҳои фарҳангӣ низ даъват мегардиданд ва ба суруди овозхонҳои машҳур рақс меофариданд. Вале мегӯянд, кори ин дастаи ҳунарӣ дер давом накард.

Гулбаҳор Нарзуллоева, яке аз аъзои гурӯҳ гуфт, "вақте лоиҳаи бозиҳои варзишӣ ба анҷом расид, намоишҳои рақсии мо ҳам тамом шуданд. Яъне, аъзои даста ба ҳар куҷо пароканда шуданд ва пайи корҳои худ рафтанд."

Дар Ютуб бинед:

ҚИССАИ САДБАРГ, ДИЛОРОМ, ГУЛБАҲОР ВА УМЕДА

Ҳоло ин чаҳор зани маълул дубора мехоҳанд, дастаи рақсиро фаъол кунанд, вале имкони молӣ надоранд ва гоҳ-гоҳе дар долони хобгоҳи умумӣ рақсу ҳаракатҳоро тамрин мекунанд. Онҳо мехоҳанд, ба монанди ҳунармандони касбӣ ё ҳифраӣ рӯйи саҳна биоянд ва ба либосҳои саҳнавӣ, толори тамрин ва ба устоди рақс дастрасӣ пайдо куннад.

Онҳо дар алоҳидагӣ ҳамчун маъюб аз буҷаи давлат ҳамагӣ то 200 сомонӣ нафақа мегиранд ва ҳар яке барои пешбурди рӯзгори худ бо пешае машғул ҳастанд.

Садбарг Муталибова понздаҳ сол пеш дар шаҳри Томски Русия ҳангоми шустани тирезаи хонааш аз ошёнаи чаҳорум ба замин афтод ва пойҳояш фалаҷ шуданд. Баъдан шавҳараш аз ӯ ҷудо шуд ва ҳоло ҳамроҳи як фарзандаш дар ҳуҷраи хобгоҳе дар канори шаҳри Бӯстон зиндагӣ мекунад.

Муталибова пас аз беморӣ ночор ҳунарҳои дастиро аз худ кард ва бо дархости мизоҷон рӯймолу зардӯзӣ омода мекунад. Ӯ гуфт, "ҳамагӣ 180 сомонӣ нафақа мегирам ва асосан бо меҳнати худ рӯз мегузаронам. Дору мехарам, пули иҷораи хонаро медиҳам ва фарзандамро ба воя мерасонам."

Рақс барои зиндагӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:50 0:00

Ба фарқ аз ӯ, Дилором Қаландарова ҳарчанд бе аробаи маъюбӣ намегардад, дар бозор савдо мекунад ва лаҳзаҳои берун аз кор ба машқи рақсу ҳунар мепардозад.

Қаландарова мегӯяд, аз хурдӣ ба рақс шавқ дошт ва дар 18-солагӣ маъюб гардиду домани орзуяшро сар дод, аммо ташкили гуруҳи рақсӣ бо иштироки маъюбон дубора ба зиндагӣ дилгарм кардааст. “Рақс кардан ҳаёти маро рангоранг месозад ва ман худамро хеле зани хушбахт ҳис мекунам”, -- мегӯяд ӯ.

Умеда ва Гулбаҳор аз овони тифлӣ маъюб ҳастанд ва роҳи ноҳамвору мушкилеро тай кардаанд. Вале бо вуҷуди ин тавонистаанд ҳунари дӯхтану хуб пӯхтанро аз худ кунанд.

Ба рақс низ ҳангоми пайвастан ба ин гуруҳ дилгармии зиёд пайдо карда, ҳоло мехоҳанд, бо ин касб як роҳи даромади навро барои худ муҳайё кунанд. Умеда Боҳирова гуфт, “мехоҳам, дар оянда ҳамроҳи духтарон гуруҳро фаъол кунем ва дар саҳнаҳои калон бо ҳунармандони номӣ баромад кунем."

Гулбаҳор Нарзуллоева ба он бовар аст, ки агар сарпарасте пайдо шаваду гуруҳи онҳоро дастгирӣ кунад, ҳунари тоҷикро дар кишварҳои дигар низ метавонанд муаррифӣ намоянд.

Панҷ сол пеш мусобиқаҳои варзишӣ ин занонро аз гӯшаву канори вилояти Суғд ба ҳам овард
Панҷ сол пеш мусобиқаҳои варзишӣ ин занонро аз гӯшаву канори вилояти Суғд ба ҳам овард

Ин чаҳор бонуи ҳамтақдир аз минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд ҳастанд, аммо узви ҷамъияти маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. То замони пандемияи коронавирус баъзан дар маъракаҳои гуногун бо кумаки ин ҷамъият ҳунарнамоӣ мекарданду пул ба даст меоварданд, вале бештар аз 6 моҳ аст, ки аз ин имкон ҳам бебаҳра мондаанд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 150 ҳазор нафарро ҳамчун маъюб ва ё шахсони имконияташон маҳдуд сабт кардаанд. Бино бар омори соли гузашта, танҳо ҳудуди 300 нафари онҳо бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

XS
SM
MD
LG