Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мотам дар ду хона дар Исфара. Ҷузъиёти шаби тарсноки ҷанг дар марз. ВИДЕО


Дар ноҳияи Исфара арзёбии зарар аз муноқиша байни марзбонони тоҷику қирғиз идома дорад, ки дар натиҷаи он 2 нафар кушта ва беш аз 10 тани дигар захмӣ шудаанд.

Яке аз қурбониён ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ Абдулатиф Шарифови 58-сола аст, ки ҳангоми шитоб барои кумак ба захмиён ба ба ҳалокат расид. Азбаски тири минамёт мустақим ба мошин бархӯрдааст, сокинон мегӯянд, ки ӯро қасдан ҳадаф гирифтаанд.

Ду корманди ҳукумати шаҳри Исфара, ки дар ин мошин будаанд, захми ҷиддӣ бардоштаанд ва дар ҷарроҳӣ шудаанд. Пизишкон ба хабарнигори Радиои Озодӣ иҷоза надоданд, бо захмиён, ки дар байнашон низомиён ҳастанд суҳбат кунад.

Оқибатҳои ҷанг дар марз. Хонаҳои сӯхта ва мошинҳои олуда ба хун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Пайвандони қурбонии дигар, Обидҷон Туйчиев баъди марги муфоҷояш рӯзи ҷумъа мотам гирифтаанд. Ӯ дар рӯйи ҳавлиаш аз таркиши тири минамёт захмӣ шуда, ҷон бохтааст. Домодаш Наҷибулло Сафаров ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз ҳамин роҳ мегузаштам, ки як чизи мулоим ба поям расид. Дидем, ки як нафар хобидааст ва ба пушт хоб рафтааст. Мо аввал нашинохтем ва ёрии таъҷилию кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаро ҷеғ задем. Баъд маълум гардид, ки он кас Обидҷон Туйчиев будаанд”.

Ба гуфтаи сарони ҷамоати Чоркӯҳ, танҳо дар ду деҳаи ин ҷамоат, Хоҷаи Аъло ва Сомониён ҳудуди 20 ҳавлӣ қисман ва пурра вайрон шудаанд. Як бунгоҳи тиббии деҳаи Сомониён, мошини ёрии таъҷилии беморхонаи марказӣ ва як мошини дигари шабакаҳои барқии ин минтақа осеби ҷиддӣ дидаанд. Ҳамчунин ноқилҳои барқӣ низ канда шуда ва нисф зиёди аҳолии ин ҷамоат тақрибан як шабонарӯз бе нерӯи барқ мондаанд.

Низомиддин Бобоев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ва чанд зарардидаи дигар ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки ҳодисаи тахриби ҳавлиҳояшон чӣ гуна сурат гирифт: “Ман ҳамроҳи оилаам дар хона будем, дар ҳуҷраи поёнтар, ки тақрибан соати 8-и бегоҳ ба ҳавлиамон мушакпартоӣ шуд. Саҳар хеста бинем, ҳамаҷо шикаставу валангор аст. Симҳо канда ва дар дару тирезаҳо осори тир боқӣ мондааст”.

Бурҳон Каримов, сокини деҳаи Сомониён: “Имшаб соати 2-и шаб бо миномёт заданд ва мо бехабар мондем. Аз дарун хона оташ гирифтааст. Саҳар хомӯш кардем. Як ҳуҷра ба куллӣ сӯхтааст”.

Содиқ Низомов, сокини деҳаи Сомониён: “Дар ҷевон либосҳои нав доштам ва нияти ба Русия рафтан доштам. Пулҳоям низ сӯхтанд. 100 ҳазор рубл доштам”.

Оқибатҳои низоъ: "Хонаҳои сӯхта ва мошини ёрии таъҷилии олуда ба хун"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ, пас аз он рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Баъдан ду тараф нимашаби гузашта дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун мебаранд, шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро мекушоянд ва дар марз посбонии муштарак ташкил мекунанд.

Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ, бештар аз 500 километр марзи таъйину аломатгузориношудаи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ду тараф дар муддати 30 сол натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд. Ҷангу даъво ҳам асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад.

XS
SM
MD
LG