Пайвандони Абдулатиф Шарифов, ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ", ки се моҳ пеш дар низои марзӣ дар сарҳад бо Қирғизистон кушта шуд, аз ваъдахилофии мақомот шикоят доранд. Онҳо гуфтанд, ваъда шуда буд, ки маоши 60-моҳаашро пардохта, ба фарзандон замин медиҳанд ва кӯчаеро ба номаш мегузоранд, вале иҷро нашуд. Масъулони Бемористони марказии Исфара гуфтанд, ваъдаҳо фаромӯш нашудааст.
Маоши 60-моҳа куҷо шуд?
Ҳамсари Абдулатиф Шарифов ҳар рӯз ба ёди шавҳараш мегиряд. Иноятхон Шарифова мегӯяд, шавҳараш даҳ сол ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ” буд ва корашро дӯст медошт. “Одами бақувват буданд. Ҳама вақти худро дар беморхона мегузаронданд. Ҷое мешуд, як бурда нонро нагазида, хеста мерафтанд," -- ба ёд овард ӯ.
Мошини “Ёрии таъҷилӣ”-и Абдулатиф Шарифовро шаби 27-уми январ ҳангоми задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон заданд. Пеш аз он ки худаш нишон гирифта шавад, тавонистааст, чандин захмиро аз “минтақаи доғ” ба шифохона барад.
Гуфта мешавад, нақлиётро ба хумпора (миномёт) задаанд. Ҳангоми ҳамла Абдулатиф Шарифов ва ду нафари дигар дар дохили мошин буданд. Шарифови 62-сола кушта шуду ҳамроҳонаш захмӣ шуданд. Ҷасади порашудаи ронандаи “Ёрии таъҷили”-ро зуд ба хок супориданд. Пайвандонаш гуфтанд, сартабиби беморхонаи шаҳри Исфара дар маросими дафн ваъдаҳои зиёде дода буд.
Таборакхон, яке аз пайвандони Абдулатиф Шарифов, ба Радиои Озодӣ гуфт, сардухтур ваъда дод, ки барои фарзандони Шарифов замини наздиҳавлигӣ медиҳанд. “Боз ваъда доданд, ки 60-моҳа маошашонро медиҳанд ва як кӯчаро ба номашон мегузоранд. Иҷро накарданд. Дигар хабар ҳам нагирифтанд," -- афзуд ин сокини шаҳри Исфара.
Мақомот: Фаромӯш накардаем
Дар беморхонаи марказии Исфара гуфтанд, ки Таиббидин Муҳаммедов, сартабиб, дар сафари хидматӣ аст. Дигар масъулини бемористон бо пешниҳоди санад гуфтанд, ваъдаҳои худро фаромӯш накардаанд.
Аз ҷумла, дар як санад, сартибиби бемористон аз шаҳрдори Исфара хостааст, барои фарзандони Абдулатиф Шарифов замини наздиҳавлигӣ ҷудо кунанд. Гуфта мешавад, Шарифов аз соли 2017 дар навбат барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ будааст.
Дар санади дигар, сартабиб ба вакилони халқии шаҳри Исфара пешниҳод кардааст, ки кӯчае ба номи Шарифов гузошта шавад. Масъулини бемористон дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, 60-моҳа маоши Абдулатиф Шарифов марҳила ба марҳила пардохт карда мешавад. Дар Бемористони марказии шаҳри Исфара ҳамчунин гуфтанд, то ин дам ба хонаводаи Абдулатиф Шарифов чанд дафъа ёрии молӣ расонданд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Дар муноқишаи се моҳ пеш 2 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла Абдулатиф Шарифов, кушта шуда, даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷруҳ шуданд. Инчунин, зиёда аз 50 хона ва муассисаҳои иҷтимоӣ дар ҷамоати Чоркӯҳ ва Сурх осеб диданд.
Дар чанд соли охир бар асари муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Душанбе ва Бишкек то ҳол натавонистанд марзи худро пурра муайян ва аломатгузорӣ кунанд. Ду тараф ҳамеша якдигарро ба шурӯи даргирӣ муттаҳам мекунанд.