Дар пайванд ба марги сарбоз Лутфуллои Давлатмаҳмад як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Майор З.Муродов "ба муносибати хунукназарона" (қисми яки моддаи 392-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст, ки ба марги сарбози қисми сарҳадбонии ноҳияи Панҷ сабаб шуда. Парвандаро Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб боз кардааст. Ба афсар то панҷ сол зиндон таҳдид мекунад.
Дар Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, таҳқиқи воқеа давом дорад ва гумони асосӣ ин аст, ки афсари қисми ҳарбӣ ба вазъи сарбоз диққат надодааст. Ба гуфтаи онҳо, зоҳиран ин бетаваҷҷуҳӣ сабаби марг гашта.
Лутфуллои Давлатмаҳмади 26-сола, сокини деҳаи Шоҳбикаи ноҳияи Восеъ, дар тирамоҳи соли 2022 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд. Наздиконаш мегӯянд, ягон беморӣ надошт, аммо мақомот гуфтаанд, аз илтиҳоби шуш ҷон дод.
Мақомот мегӯянд, марзбони ҷавонро, ки ҳарорати баданаш баланд буд, аз ноҳияи Панҷ барои муолиҷа ба Фархор фиристоданд ва дар онҷо даргузашт.
Санҷиши тиббиву додгоҳӣ илтиҳоби шуш ё пневмонияро сабаби марг номида. Парвандаи ҷиноӣ “муносибат ё ғамхории нокофии”-и афсарро нисбат ба саломатии сарбоз дар маркази диққат қарор додааст.
Наздикони сарбоз ҳанӯз ба ин фарзияи мақомот вокуниш накардаанд, вале пештар гуфта буданд, ки дар ҷасади Лутфуллои Давлатмаҳмад ягон нишонаи зӯроварӣ ё шиканҷаро надиданд.
Алиаҳмад Бердиев, бародари Лутфулло, рӯзи 12-уми декабри соли 2022 ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш беморӣ надошт ва дар остонаи Соли нав барои як рухсатии кӯтоҳ ба хона омада буд. Бори охир сарбоз бо наздиконаш рӯзи 25-уми декабри соли гузашта тамоси телефонӣ доштааст.
Имкон дорад, дар ҷараёни тафтиш самтгирии парванда тағйир ёбад, ҳарчанд маълум аст, ки парванда зидди майор Муродов дар робита ба марги сарбоз таъсири муайяне ба муносибати фармондеҳон бо фарзандони мардум хоҳад дошт.
Бино бар гузориши ҳукумати Тоҷикстон ба Созмони Милал, дар 3 сол (2019-2021) зиёда аз 100 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аксаран дар ҳолатҳои мармуз, ба ҳалокат расидаанд. Сабаби марги аксари онҳо риоят нашудани оинномаи низомӣ, бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва суистифодаи афсарон аз мақомашон номбар шудааст.
Ба гуфтаи намояндагони ҳукумат, бо вуҷуди талошҳо барои решакан кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ зуҳуроти мазкур ва пинҳон кардани он аз тарафи афсарон ҳамчунон вуҷуд дорад. Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд. Чизе, ки ҳомиёни ҳуқуқ намоишӣ ва таъсирашро камтар медонанд.
Гуфтугӯ