Додситонии Кӯлоб ба таҳқиқи марги як сарбозе аз ноҳияи Восеъ оғоз кардааст, ки фақат ду моҳ пеш барои хидмат ба артиш рафта буд. Лутфуллои Давлаҳмад 26-сола, ки дар қисми марзбонӣ дар ноҳияи Панҷ хизмат мекард, субҳи 7-уми январ даргузаштааст.
Алиаҳмад Бердиев, сокини деҳаи Шобика ва бародари Лутфулло рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот сабаби марги бародарашро бемории нобаҳангом гуфтаанд, вале ӯ ба ҳарфи фармондеҳони Лутфулло бовар надорад. Ба иддаои бародараш, Лутфулло то замони рафтан ба хидмат бемории ҷиддие надошт:
“Рӯзи 21-уми декабр ҷавоб гирифта хона омада буд, ягон шикоят надошт. Рӯзи 25-уми декабр аз Восеъ бурда, дар таксӣ савор кардем. Рафт расид, занг зад, ки расидам. Бо ҳамин дигар занг назад. Баъзеҳо мегӯянд, ки вақте аз Панҷ оварданд, сиҳат буд, баъзе мегӯянд аҳволаш бад буд. Табибон ҳам намегӯянд, чӣ беморӣ дошт, ки якбора инхел шуд. Ҷасадро баъд аз ташхис ба мо доданд, дар баданаш ҳеҷ осоре ҳам набуд.”
Дар Додситонии ҳарбии минтақаи Кулоб, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки таҳқиқи марги Лутфуллои Давлаҳмадро оғоз кардаанд. Як манбаъи огоҳ аз парванда рӯзи 12-уми январ гуфт: “Лутфуллои Давлаҳмад баробари расидан ба дидбонгоҳи Фархор ҳарораташ баланд буд ва ӯро дар нуқтаи тиббии дидбонгоҳ бистарӣ кардаанд. Ду рӯз табобат гирифтааст, вале аз сабаби бадтар шудани вазъи сиҳатияш, ӯро рӯзи 5-уми январ ба нуқтаи тиббии қисми марзбонии 0307 воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол додаанд.”
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, субҳи 7-уми январ вазъи сиҳатии сарбоз бадтар шудааст ва ӯ дар шифохона фавтидааст. Айни замон мусоҳиби мо афзуд, ки тафтиш нишон медиҳад, ки дар ниҳоят чӣ сабаби марги сарбози ҷавоне шудааст, ки аз издивоҷаш ҳануз як сол нагузаштааст.
Дигар манобеи огоҳ аз вазъи сиҳатии сарбоз гуфтанд, сабаби фавти ӯ, зоҳиран бемории илтиҳоби сахти шуш будааст. Алиаҳмад Бердиев, гуфт, Лутфулло дар маркази ноҳия заргарӣ мекард ва ӯро тирамоҳи соли гузашта бо зӯр ба хизмат бурданд. Бародараш гуфт, Лутфулло чаҳор моҳ пеш издивоҷ кард ва онҳо аз мақомот хоста буданд, ки бинобар оиладор буданаш, ӯро ба ноҳияҳои наздик ба хидмат бифристанд.
Алиаҳмад Бердиев мегӯяд, чанд суоли дигар доранд, ки мехоҳанд, мақомоти интизомӣ ва додситонӣ ба онҳо посухи дурусту дақиқ бидиҳанд: “То имрӯз мо қоғази ташхиси фарзандамонро надорем. Мехоҳем, марги ӯ одилона таҳқиқ шавад, бародари ман мурд, боз нафари дигар чунин нашавад. Мо то президент шикоят мекунем.”
Марги сарбозони тоҷик дар сафи неруҳои мусаллаҳ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам худкушии сарбозон ва ё дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо мушоҳида шудааст. Бадрафторӣ бо сарбозонро яке аз сабабҳои аслии рух додани фоҷеаҳо дар артиш меноманд. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, дар муддати 3 сол дар сафи неруҳои мусаллаҳ бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
Дар як гузориши ҳукумат ба номи Созмони Милал, ки Радиои Озодӣ онро моҳи декабр дастрас кард, омадааст, ки ин теъдоди низомиён дар солҳои 2019 то соли 2021 ҷон додаанд ва сабаб “риоят нашудани оинномаи низомӣ”, бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва сӯистифодаи афсарон аз мақомашон аст.
Ба гуфтаи ҳукумат, бо вуҷуди талошҳо барои решакан кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ зуҳуроти мазкур ва пинҳон кардани он аз тарафи афсарон ҳамчунон вуҷуд дорад. Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд.
Гуфтугӯ