Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони ҳабсшудаи қирғиз гуруснанишинӣ эълом карданд


Як гуруҳ аз фаъолони боздоштшудаи қирғизистонӣ дар робита ба "парвандаи Кампиробод" муроҷиатномаеро ба унвонии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҷомеаи кишвари худ нашр карданд. Зери ин муроҷиатнома Клара Сооронқулова, Рита Карасартова, Перизат Суранова ва Орозайим Нарматова имзо гузоштаанд.

Фаъолон гуфтаанд, бо далели "таъқибҳои густурдаи сиёсӣ, ки парвандаҳои сохтаи ҷиноӣ, ноадолатӣ ва беқонуниро нисбат ба доираи васеи сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва фаъолони мадании Қирғизистон дар пай доранд, аз 14 декабр гуруснанишинӣ эълом мекунанд".

“Мо аз 23 октябри соли 2022 бо иттиҳомҳои сохта аз озодӣ маҳрум шудаем ва мақомоти тафтишотии кишвар то ҳол нисбати айбдоршавандаҳо ҳеч гуна амали тафтишотиеро анҷом намедиҳанд. Бо вуҷуди ин, Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳабси моро то 20 феврали соли 2023 тамдид кардааст. Мо изҳор медорем, ки роҳбарияти Қирғизистон ҳуқуқу озодиҳои моро саркӯб ва мухолифони сиёсии худро таъқиб мекунад", - омадааст дар муроҷиатнома.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Мақомоти Қирғизистон онҳоро дар "омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо" гумонбар мекунанд.

XS
SM
MD
LG