Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои ширкат дар нишасти байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” ба Тоҷикистон омад.
Ин ҳамоиш дар меҳмонхонаи “Ҳайат реҷенсӣ” дар Душанбе идома дорад. Суҳбати ӯ баъди нифирузӣ дар поёни нишаст сурат гирифт. Дақиқ маълум нест, ӯ кай вориди Душанбе шудааст ё аз пеш дар ин шаҳр буд.
Нишасти байналмилалии “Низоми фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо” дар чаҳорчӯби "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" рӯзи 29-уми ноябр шурӯъ шуд. Дар он 120 намоянда аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавзӯи сулҳ ва ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯзи 30-юми ноябр дар ин нишаст гуфт, “дар тули бештар аз як соли суқути Кобул мо дидем, ки минтақа ва дунё ҷуз маҳкум кардан коре накарданд. Вай таъкид намуд, ки чунин амал наметавонад Толибонро тағйир диҳад.” Аҳмад Масъуд афзуд, ҳадафашон ин аст, ки “дар Афғонистон шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ бархурдор бошанд."
Ин даҳумин нишасти "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" аст, ки то ба сари қудрат омадани Толибон, қаблан дар худи Афғонистон мегузашт. Ҳайати Толибон ба нишаст даъват шудаанд, вале иштирок надоранд.
Толибон, ки беш аз як сол боз ҷилави ҳукуматро дар Афғонистон ба даст доранд, ба ташкили ҳукумати иборат аз намояндагони як қавму гурӯҳ муттаҳаманд. Худи онҳо ба нишасти Душанбе наомаданд.
Қаблан хабарҳои ғайрирасмӣ дар бораи сафари Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба Душанбе расонаӣ шуда буд, аммо ин бори аввал аст, ки расман дар чорабиние ширкат ва аз ҳузураш дар Душанбе хабар медиҳад.
Матн такмил мешавад
Гуфтугӯ