Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз оши Мамадбоқиров то..." Тоҳир Абдолбеков ба ифротгароӣ муттаҳам шуд


Тоҳир Абдолбеков
Тоҳир Абдолбеков

Тоҳир Абдолбеков, раиси пешини хадамоти коммуналии Хоруғ ва яке аз хешовандони фаъоли бадахшонӣ Ораз Вазирбеков, расман ба "ифротгароӣ" муттаҳам шудааст. Ӯро як ҳафта пеш дастгир карданд.

Дар ҳоле ки мақомот шарҳе намедиҳанд, пайвандонаш рӯзи 28-уми ноябр гуфтанд, ки узви собиқи Маҷлиси Бадахшон "ба ҳамкорӣ бо Алим Шерзамонов" ва "додани оши Мамадбоқир Мамадбоқиров" гумонбар аст. Пештар онҳо гуфта буданд, ӯ ба "расондани ёрӣ ба эътирозгарон дар Хоруғ" муттаҳам аст.

Пайвандони Абдоблеков ба сабаби ҳассос будани мавзуъ зиёд суҳбат накарданд. Яке аз онҳо дар суҳбати телефонӣ ва бе зикри ном гуфт, "чанде аз хешовандонро ба Додситонии шаҳри Хоруғ даъват карданд. Дар онҷо пурсидаанд, ки оё ҳамкории Абдолбеков бо Алим Шерзамонов ҳақиқат дорад ё не."

Худи Абдолбеков ба наздиконашу муфаттишон гуфтааст, иттиҳомҳоро беасос медонад ва хоҳони таҳқиқи мунсифонаи парванда аст. Кӯшишҳо барои гирифтани шарҳи муфаттишон то ин лаҳза бенатиҷа буд. Як намояндаи ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 21-уми ноябр тасдиқ кард, ки Абдолбеков дастгир шудааст, аммо тафсилоте надод.

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа, гуфт, бо Тоҳир Абдолбеков на ҳамкорӣ, балки мухолифати сиёсӣ дошт.

"Абдолбеков узви Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ буд, ман муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон. Дар маъракаҳои сиёсӣ рақиб будем. Вақте узви Маҷлиси вилоятӣ шуд, муносибат боз ҳам бадтар буд. Аз соли 2015 ба ин тараф ҳеч тамосе байни мо вуҷуд надошт," -- гуфт Шерзамонов

Тоҳир Абдолбеков, язна (шавҳари хоҳар)-и Ораз Вазирбеков, фаъоли бадахшонӣ ва соҳиби чанд дӯкон дар Хоруғ аст. Додгоҳи шаҳри Душанбе худи Вазирбековро, ки дар шароити мармуз аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд, дар аввали моҳи ноябр ба 16 сол зиндон маҳкум кард.

Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо фаъоли мадании Бадахшонро дастгир ва баъзеро ба солҳои дароз зиндонӣ карданд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, гуноҳе накардаанд ва иттиҳомот беасос аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои ингуна амалкардҳо сахт танқид кардаанд. Аз ҷумла, Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба муҳокимаҳои “ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG