Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пинҳонкорӣ". Як Кумитаи СММ аз боздоштҳо дар пайванд ба ҳодисаҳои ВМКБ нигарон аст


Хоруғ, 16-уми майи соли 2022
Хоруғ, 16-уми майи соли 2022

Як кумитаи Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, аз гузоришҳо дар бораи боздоштҳо дар робита ба нооромиҳои Бадахшон ҷиддан нигарон аст.

Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ ва маданӣ, ки моҳи октябри имсол гузориши Тоҷикистонро дар бораи мурооти ҳуқуқи инсон баррасӣ кард, гуфтааст, пинҳонкорӣ ҳангоми таҳқиқи парвандаҳо мояи нигаронист.

Дар хулосаҳояш доир ба гузориши Тоҷикистон, ки рӯзи 14-уми ноябр нашр шуд, кумита аз ҳукумат хостааст, шаффофият дар муҳокимаҳои боздоштшудагонро таъмин кунад.

Баъд аз нооромиҳои тобистони имсол дар Бадахшон даҳҳо нафар, аз ҷумла фаъолони маданӣ, боздошту зиндонӣ шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи октябр хабар дод, ки 77 нафарро маҳкум карданд ва мурофиаи чандин каси дигар идома дорад.

Наздикони баъзе аз маҳкумшудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мурофиа паси дарҳои баста ва аксаран бидуни вакили мудофеи мустақил гузаштааст. Намонядагони ҳукумат мегӯянд, онҳо бо адвокат таъминанд.

Моҳи майи имсол дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эътирози мардум ва амалиёти мақомот баргузор шуд. Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, 29 кас кушта шудаанд.

Кандуков ва суҳбати хабарнигорони Радиои Озодӣ бо мардуми маҳаллӣ ошкор кард, ки камаш 34 нафар ҷон бохтаанд. Дар ҳоле ки мақомот онҳоро “узви гуруҳҳои ҷиноӣ” меноманд, пайвандонашон гуфтанд, ки аксарият бесилоҳ буданду аз паси зиндагии оромонаи худ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG