Ба иттилои дарёфтӣ, "Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ" (ИТРЕБ) дар Тоҷикистон баста шудааст. Омӯзиши пайравони исмоилия, як шохаи мазҳаби шиа, рисолати ин созмон дониста мешавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, фаъолияти "Анҷумани тариқаи исмоилӣ" зери баррасист, вале баста нашудааст. Чанде аз фаъолони Бадахшон ва пойгоҳи хабарии "Pamir Daily News" баръакси онро гуфтаанд.
"Таълиму тадрис дар ҷамоатхонаҳо бас шуд"
Як масъули Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои ВМКБ рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳи август гурӯҳи кории Кумитаи дин фаъолияти ҷамоатхонаҳоро тафтиш кард, аммо ҳанӯз хулосаи худро пешниҳод накард.
Вай афзуд, мунтазири хулосаи гуруҳ ҳастанд ва ҳанӯз рушан нест, ки тақдири баъдии "Анҷумани тариқаи исмоилӣ" ва Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо дар вилоят чӣ хоҳад шуд.
Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо, ки ИТРЕБ дар тобеияташ аст, соли 2012 дар Душанбе ва соли 2014 дар Хоруғ таъсис ёфта, дар Кумитаи дин сабтином шудааст.
Се сокини Хоруғ, аз ҷумла як устоди Анҷумани тариқаи исмоилӣ, бе зикри ном рӯзи 6-уми сентябр гуфтанд, бо шурӯи амалиёт ва нооромиҳо дар Хоруғ "таълиму тадрис дар ҷамоатхонаҳо бас шуд." Онҳо иддао доранд, "мақомоти интизомӣ ҳар дафъа устодонро ба бозпурсӣ мехонанд".
Мақомот дар ин бора шарҳе намедиҳанд. Қаблан, дар миёнаҳои моҳи август, Шарофат Мамадамбарова, раҳбари пешини Консули миллии исмоилиёни Тоҷикистон, гуфта буд, ки дар бораи фаъолияти Бунёди Оқохон чанд дафъа бозпурсӣ шудааст.
Наворро инҷо бинед:
Сарчашма - номаи се сол пеш?
Дар зимн, се сол пеш Кумитаи дини Тоҷикистон дар номае ба мақомоти Бадахшон навишта буд, ки дар мактабҳои "Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ" бо баҳонаи дарси англисӣ таълимоти мазҳабӣ медиҳанд.
Масъулони Кумитаи дин навиштаҳои "Хуш омадӣ Имоми мо”, "Ҷашни алмосӣ муборак" ва "Мо имоми худро дӯст дорем"-ро низ ҳамчун "бартарияти мазҳаби исмоилӣ ва Оқохон нисбат ба Пешвои миллат" арзёбӣ карда буданд.
Маълум нест, санҷиши ҳозираи “Анҷумани тариқаи исмоилӣ” аз инҷо сарчашма мегирад ва ё мақомот далели дигаре доранд. Аммо ин кор пас аз эътирози сокинону амалиёти мақомот дар моҳи майи имсол дар Бадахшон сурат мегирад.
Дар ҷараёни ин ҳодисаҳо дар Хоруғу Рӯшон даҳҳо нафар кушта, беш аз 200 нафар дастгир ва чанде аз онҳо аз 11 то 18-солӣ ва ҳабси абад маҳкум шуданд. Мақомот онҳоро узви гуруҳҳои ҷиноӣ меноманд, вале пайвандонашон бегуноҳ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ меноманд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва аксарияти онҳо пайрави мазҳаби исмоилӣ ҳастанд. Шоҳзода Карим Оқохони чаҳор, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, дар миёни исмоилиҳои Тоҷикистон нуфузи беандоза дорад ва мардум барои ёриҳои билоивазаш дар мушкилтарин солҳои ҷанг аз ӯ сипосгузоранд. Оқохон тарҳҳои зиёдеро тавассути бунёди ҳамноми худ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ пиёда мекунад, ки аксаран тарҳҳои башардӯстона ҳастанд.
Гуфтугӯ