Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толиб Айёмбеков ва Мунаввар Шанбиев ба ҳабси абад маҳкум шуданд


Толиб Айёмбеков. Акс аз бойгонӣ
Толиб Айёмбеков. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон панҷ зодаи Бадахшонро, ки дар миёнашон фаъоли минтақа Мунаввар Шанбиев ва фармондеҳи собиқ Толиб Айёмбеков низ ҳастанд, ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Ҳашт каси дигар аз 10 то 30 сол гирифтанд. Мақомот тафсилоти ҳукмҳоро нагуфтанд. Наздикони баъзе аз маҳкумшудаҳо хабар доданд, ки мурофиа паси дарҳои баста гузашт ва ончи дар сухани охирин гуфтаанд, маълум нест.

Паси дарҳои баста

Мунаввар Шанбиев
Мунаввар Шанбиев

Ба иттилои дарёфтӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон фармондеҳи собиқ Толиб Айёмбеков ва яке аз афроди бонуфуз дар Бадахшон Мунаввар Шанбиевро ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Яке аз пайвандони Толиб Айёмбеков гуфт, ҳукм рӯзи 22-юми ноябр дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе эълон шуд. “Пайвандони маҳкумшудаҳо дар мурофиа ҳузур надоштанд,” -- афзуд ӯ.

Толиб Айёмбеков ва Мунаввар Шанбиев, ки мақомот ҳамвора “саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ” ном бурда, вале мардум “раҳбарони ғайрирасмӣ” ва “фаъолони маданӣ” мешиносанд, моҳи июни имсол дар Хоруғ дастгир шуданд.

Се фаъоли дигари минтақа –

  • Ниёзшо Гулобов
  • Имум Шоиширинов
  • Наҷмиддин Шерҷонов – дар мурофиаи ҳамсон зиндони якумрӣ гирифтаанд. Бародари яке аз маҳкумшудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба ташкили эътироз, пинҳон кардани силоҳ, куштор, авбошӣ, тундгароӣ ва қочоқи сангҳои гаронбаҳо айбдор донистанд”, вале онҳо ҳукмро беасос медонанд.

Муфаттишони Додситонӣ ва масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон то ҳанӯз ҳукмҳоро шарҳ надодаанд ва рӯзи чаҳоршанбе ба зангҳои мо посух надоданд.

Бозгашт ба куштори Абдулло Назаров

Ниёзшо Гулобов
Ниёзшо Гулобов

Хабарнигори тоҷик Анора Саркорова рӯзи 22-юми ноябр бо такя ба манобеаш навишт, чанд писару бародарони Толиб Айёмбеков низ ба муддатҳои дарози зиндон маҳкум гардиданд. Яке аз наздикони Айёмбеков рӯзи 23-юми ноябр гуфт, Мамадалӣ Айёмбеков, писари Толиб Айёмбеков (соли 2019 дастгиру муҳокима шуда буд) дар умум ба 22 сол зиндон маҳкум шуд. Ду писараш, Ғуломалӣ Абдураҳмонов (ҳабси абад) ва Ҳасаналӣ Абдураҳмонов (12 сол зиндон), дар моҳи август ҳукм гирифта буданд.

“Бародараш Иноятшо Айёмбеков (Бобиш) ба 30 сол зиндон маҳкум шуд. Муҳлати ҳабси бародари дигараш Оқил Айёмбеков 16 соли дигар дароз гардид. Оқил Айёмбеков соли 2012 дастгир ва зиндонӣ шуда буд. Дар умум, муҳлати ҳабсаш ба сӣ сол баробар гардид,” – гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба сабаби ҳассос будани мавзуъ нахост, номашро зикр кунем.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, муҳлати ҳабси Ҳамза Муродов, ронандаи Толиб Айёмбеков низ то сӣ сол дароз шудааст. Бародари ӯ, Собир Муродов даҳ сол аз озодӣ маҳрум шуда.

Додгоҳи олии Тоҷикистон даҳ сол пеш Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, ронандаи Толиб Айёмбековро ба куштани генерали амният Абдулло Назаров гунаҳкор донист. Толиб Айёмбеков борҳо даст доштани худу наздиконашро дар ин ҳодиса рад кардааст.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд,

  • Иноятшо Иноятшоев, сокини маҳалаи "Хлебзавод"-и шаҳри Хоруғ ба 15 сол;
  • Умед Шоиширинов, бародари хурдии Имум Шоиширинов ба 30 сол
  • Муяссар Соҳибназаров, сокини маҳаллаи "Гулакен" ба 30 сол зиндон маҳкум шудаанд. Ба қавли онҳо, дар мурофиаҳои охир даҳҳо сокини Хоруғ ҷазо гирифтанд, вале Радиои Озодӣ то ин дам ҳукми 15 нафарро тасдиқ кард.

Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо марги 34 кас анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо фаъоли мадании бадахшониро дастгир карданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар моҳи октябри имсол гуфт, дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон 77 нафарро ҷазо доданду муҳокимаи даҳҳо каси дигар идома дорад. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, онҳо гуноҳе накардаанд ва ҳамагуна иттиҳомот беасос аст.

Cозмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла як кумитаи Созмони Милал ва Порлумони Аврупо аз пӯшида будани муҳокимаҳои додгоҳӣ ва ҳукмҳои беандоза дарози зиндон изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, ин шеваи муҳокима ва ҷазо шубҳаҳои зиёдеро ба миён меоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG