Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абу Довуд ё Шаҳриёр? Сумая падарашро интихоб кард (ВИДЕО)


Сумаяи чорсола, духтари як ҷангии тоҷик дар Ховари Миёна аст, ки падарашро танҳо аз рӯи аксу видеоҳо ёд дорад. Ин кӯдак каме бештар аз ду сол дошт, ки падараш ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" пайваст ва аз зиндагии ӯ нопадид шуд.

Сумая чеҳраи падарашро аз аксҳое ёд дорад, ки дар девори хона ва албоми хонаводагӣ ҳифз шудаанд. Ӯ аломатҳои падарашро дар чеҳраи ҳар мард ҷустуҷӯ кард ва билохира рӯзе ӯро ёфт. Рӯзе дар телевизион навори Шаҳриёри Давлат, як овозхони тоҷикро дид ва аз модарбузургаш талаб кард, ки падарашро ба наздиш биёрад. “Шаҳриёр дадаҷонам аст. Дӯсташ медорам. Бароям суруд мехонад. Мехоҳам ҳамроҳи мо зиндагӣ кунад ва дигар ба ҳеҷ куҷо наравад"- мегӯяд Сумая.

Ин овозхон воқеан ҳам ба Абу Довуд монандӣ дорад. Чеҳра, муи сар, ишораҳо ва қаду қомати Шаҳриёр дар зеҳни кӯчаки Сумая падарашро падидор мекунад. Падари ӯ Парвиз Саидраҳмонов, маълум бо тахаллуси Абу Довуд, ду соли пеш аз Маскав ба Ироқ рафт ва ба сафи ҷангиёни ДИИШ пайваст. Абу Довуд то ду моҳи пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои таблиғии ин гурӯҳро нашр мекард. Зоҳиран ӯ як тоҷики пурнуфзи ДИИШ аст, ки ҳатто Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории

тоҷик дар лаҳзаҳои аввали фирор зери раҳнамоии ӯ ба ҷанг мерафт ва суханронӣ мекард. Абу Довуд ё худ Парвиз дар наворҳои зиёд, ки зоҳиран аз қаламрави Ироқ сабт шудаанд, бо як лаҳни тунд сӯҳбат мекунад.

Духтари "ҷиҳодӣ" дар чашми Шаҳриёр падари худро пайдо кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00
Линки мустақим

Аммо Сумая, духтари ӯ падарашро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо силоҳу таҳдид сӯҳбат мекунад, ба як ҳамшабеҳи ӯ, ки суруд мехонад, иваз кардааст. Шаҳриёри Давлат, ки ба дидорбинии Сумая омада буд, гуфт: “Ба Худо, намедонам, гиря кунам ё ягон кори дигар. Бисёр мехоҳам ин кӯдакро бо худ бубарам, зеро ӯ зуд-зуд маро ёд мекунад.”

Шаҳриёр бори дуввум аст, ки ба дидорбинии Сумая меояд. Шаҳриёр 26-сола аст ва ду сол аз Парвиз -- падари Сумая хурдтар аст. Пас аз тамошои наворҳои сурудхонии Шаҳриёр Сумая модаркалонашро маҷбур кард, то ӯро наздаш биёранд. Муҳаббат Маҳмудова, модари Парвиз Саидраҳмонов мегӯяд, воқеан, Шаҳриёр шабеҳи писараш ҳаст:

“Мисли писарам аст. Нусхаи Парвиз ҳаст. Бори аввал вақте ӯро дидам, дасту поям шах шуд. Фикр кардам, ки Парвиз баргаштааст. Пештар мегуфтанд, ки Шаҳриёр ба писарат монанд аст. Он қадар аҳамият намедодам. Ҳоло симои бачама дар чеҳраи ҳамин бачаҷон дидам.”

Абу Довуд ё Шаҳриёр? Сумая падарашро интихоб кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

​Сумая аз камтарин кӯдаки тоҷик аст, ки як ҳамсимои падари ҷиҳодиашро пайдо кардааст. Мисли Парвиз Саидраҳмонов беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд ва аксаран оилаву фарзанд доштанд. Садҳо кӯдаки тоҷик ба мисли Сумая дар ҷустуҷӯи падарони гумгаштаи худ ҳастанд. Дунёи кӯдакии онҳо ҷангро намешиносад.

Шаҳриёри Давлат, овозхони тоҷик ва ҳамсимои Парвиз мегӯяд: “Кӯдакон аз ҷангу хунрезӣ безор ҳастанд. Бубин, ки ин кӯдак аз миёни ҷанг мусиқиву ҳунарро интихоб кард. Дилам ба падароне, ки чунин кӯдаконро гузошта ба ҷангҳои бемаънӣ мераванд, месӯзад.”

Абу Довуд ним сол боз бо хонаводааш дар тамос нест. Сарнавишти даҳшатноки Абу Довуд модари ӯро бисёр маъюс кардааст. Шояд ин кӯдаки 4-сола ҳам дар гӯшаи дилаш дарк мекунад, ки овозхон Шаҳриёри Давлат падари воқеии ӯ нест. Аммо ҳоло тасалии дилашон дидори Шаҳриёри Давлат аст. Сарояндае, ки шабеҳи Парвиз аст.

XS
SM
MD
LG